Паёми шодбошии Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода бахшида ба Рӯзи матбуот

      Ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоли мо 11 март ҳамчун рӯзи таъсисёбии матбуоти тоҷик, ки бо ибтикор ва ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гаштааст, бо тантана таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат ҳамаи рӯзноманигорон ва кормандони матбуоти давриро  самимона табрику таҳният гуфта, барояшон дар роҳи сарсабзии диёр қалами бурро ва муваффақиятҳои нав ба нави эҷодӣ таманно менамоям.

     Мақому манзалати матбуоти Тоҷикистони соҳибистиқлол  дар тарбияи ҳисси худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва шаъну шарафи шаҳрвандии халқи Тоҷикистон бениҳоят бузург аст. Дар давраи басо ҳассоси кишвар, ки солҳои 90-уми асри гузашта ба вуқуъ пайваст,  матбуоти  расмии кишвар алорағми душманони миллат баромад намуда, нақши боризро иҷро кард.       

      Ҳамон шабу рӯзҳо манфиатҳои миллӣ ва суботу оромии ҷомеа тақозо менамуданд, ки воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бошанд, балки дар муборизаи иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти давлат ва ҷомеа хизмат кунанд.     Дарвоқеъ воситаҳои ахбори омма, махсусан матбуоти  ватанӣ ҳамон шабу рӯзҳо аз иҷрои рисолати хеш сарбаландона баромаданд. Имрӯз ҳам рӯзноманигорон вазифаҳои ба дӯш доштаашонро садоқатмандона иҷро менамоянд. Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки фармудаанд: «Дарвоқеъ, матбуот ва воситаҳои ахбори омма  ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадиру муассир мерасонанд. Онҳо, хусусан, дар таҳаввулоти самтҳои рушди ҷомеа, табдили мафкураҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хосса касб менамоянд”.

      Соли равон журналистони мамлакат 114-солагии матбуоти миллиро ҷашн мегиранд. Матбуоти тоҷик дар давраи мавҷудияти хеш шебу фарози зиёдеро паси сар намуда, дар инъикоси дастовардҳои тамоми соҳаҳои ҷомеа ва боло бурдани маърифат, ҳисси худшиносии миллӣ, ифтихори ватандӯстӣ саҳми арзанда ва назаррас гузоштааст.

      Оғози матбуоти миллии тоҷик ба нашри нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» (1912) рабт дорад. Инак, беш аз як аср боз миллати тоҷик ба қавли устод Садриддин Айнӣ соҳиби “забон”-и хеш аст. Устод гуфта буд: «Рӯзномаи ҳар қавму миллат забони эшон аст ва ҳар қавму миллате, ки рӯзнома надорад, гӯё забон надорад».


      Пешвои миллат ба хизмати содиқонаи рӯзноманигорон ҳамеша арҷ мегузоранд ва бовар доранд, ки минбаъд ҳам қаламбадастони хештаншиносу ватандӯст дар кори ҳамарӯзаи хеш манфиатҳои ҷомеаро боло гузошта, дар таъсиррасонӣ ба афкори мардум мусоидат менамоянд.

      Манфиатҳои миллӣ ва суботу оромии ҷомеа тақозо менамоянд, ки воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бошанд, балки дар муборизаи иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти давлат ва ҷомеа хизмат кунанд.

      Басо рамзист, ки дар арафаи Рӯзи матбуот дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шурои диссертатсионии рӯзноманигорӣ  таъсис ёфта, ба ин муносибат дар донишгоҳ бо иштироки олимону пажуҳишгарон рӯнамо баргузор гардид, ки ин ҳам дар ин рӯзи саид рамзӣ менамояд.

      Бори дигар ҳамаи рӯзноманигорону кормандони матбуотро ба ҷашни  матбуоти тоҷик самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, умри дароз ва комёбиҳои тозаи эҷодӣ орзу менамоям!

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org