Previous Next

МУАРРИФИИ ОЛИМОНИ ТОҶИК ДАР ФАЗОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

11-уми марти соли ҷорӣ бо ташаббуси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо намояндагони ширкати байналмилалии нашриявии Elsevier баргузор гардид, ки роҳбарияти Комиссия ва кормандони бахши иттилоот ва маҷаллаҳои илмӣ ширкат варзиданд.

Мақсад аз баргузории вохӯрӣ баррасии масъалаҳои марбут ба такмили фаъолияти маҷаллаҳои тақризшавандаи илмии кишвар ва фароҳам овардани заминаҳои зарурӣ барои ворид намудани онҳо ба пойгоҳи байналмилалии илмии  Scopus маҳсуб меёфт.

Дар ҷараёни вохӯрӣ таъкид гардид, ки шомил гардидани маҷаллаҳои илмии ватанӣ ба пойгоҳҳои маъруфи байналмилалӣ омили муҳими баланд бардоштани сифати таҳқиқоти илмӣ, рушди инфрасохтори нашри академӣ, тақвияти рақобатпазирии илми миллӣ ва муаррифии дастовардҳои олимони тоҷик дар фазои байналмилалии илм мебошад.

Дар вохӯрӣ раиси Комиссия Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, муовини раиси Комиссия Шарифзода Мумин Машокир, мушовири бахши ширкати Elsevier Дмитрий Султанов, инчунин, мудирони бахши таъминоти лоиҳаҳои грантӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ, бахши иттилоот ва маҷаллаҳои илмӣ вобаста ба  нақшаю дурнамо ва мушкилоти  мавҷуда  андешаҳои худро иброз намуданд. 

Дар доираи вохӯрӣ намояндагони ширкати Elsevier доир ба меъёрҳо ва талаботи асосии индексатсияи маҷаллаҳои илмӣ дар пойгоҳи Scopus маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, ба масъалаҳои риояи стандартҳои байналмилалии таҳрир ва нашри илмӣ, шаффофияти раванди тақризи бо сифати илмӣ ва навоварии мақолаҳо, мутобиқати сиёсати таҳрирӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ, фаъолияти ҳайати таҳририя ва баланд бардоштани сатҳи иқтибосоварии мақолаҳои илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Ҳамзамон, масъалаҳои марбут ба такмили фаъолияти ҳайатҳои таҳририяи маҷаллаҳои илмии миллӣ, ҷалби муаллифон ва муқарризони байналмилалӣ, густариши ҳамкориҳои академӣ ва мутобиқ намудани сиёсати таҳририи маҷаллаҳо ба талаботи стандартҳои ҷаҳонии нашри илмӣ мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд.

Дар натиҷаи баррасии масъалаҳо ҷонибҳо самтҳои асосии ҳамкориҳои минбаъдаро муайян намуда, таъкид карданд, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар ворид намудани маҷаллаҳои илмии кишвар ба пойгоҳи Scopus тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Аз ҷумла, баланд бардоштани сифати таҳрир ва тақриз, ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалии интишори илмӣ, рушди инфрасохтори рақамии маҷаллаҳо ва тақвияти фаъолияти нашрияҳои илмии миллӣ аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ арзёбӣ гардид.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org