Previous Next

МАҶАЛЛАҲОИ ИЛМИИ КИШВАР БА ПОЙГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ SCOPUS ВОРИД МЕГАРДАНД

Санаи 12 марти соли ҷорӣ дар толори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ-методӣ таҳти унвони «Доир ба мутобиқсозии маҷаллаҳои тақризшавандаи илмии кишвар ба талаботи пойгоҳи байналмилалии Scopus»  баргузор гардид. Дар семинар муовини раиси Комиссия Шарифзода Мумин Машокир,  мушовири самти қарорҳои илмӣ-тадқиқотии ширкати байналмилалии Elsevier дар Осиёи Марказӣ Султанов Дмитрий Викторович, шуъба ва бахшҳои марбутаи Комиссия, инчунин, намояндагони муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои илмӣ ва мутахассисони соҳаи нашрияҳои илмӣ ширкат намуданд. Мақсад аз баргузории семинари мазкур баррасии масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани сифати маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи кишвар, мутобиқ намудани фаъолияти онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ ва фароҳам овардани замина барои ворид гардидани онҳо ба пойгоҳҳои бонуфузи илмии ҷаҳон, аз ҷумла Scopus, буд.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, Шарифзода Мумин Машокир оғоз гардид. Мавсуф  дар баромади худ қайд намуд, ки дар шароити рушди босуръати илм ва технология мутобиқ намудани маҷаллаҳои илмии миллӣ ба талаботи байналмилалӣ яке аз вазифаҳои муҳими сиёсати илмии кишвар ба шумор меравад.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки имрӯз масъалаи баланд бардоштани сифати мақолаҳои илмӣ, риояи меъёрҳои таҳрирӣ,  инчунин, рушди низоми тақризи илмӣ аҳамияти махсус пайдо намудааст.

 Зикр шуд, ки ворид гардидани маҷаллаҳои илмии тоҷикӣ ба пойгоҳҳои байналмилалии илмӣ имконият фароҳам меорад, то дастовардҳои олимону муҳаққиқони кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ бештар муаррифӣ гарданд, сатҳи ҳамкориҳои илмии байналмилалӣ густариш ёбад ва нуфузи илмии Тоҷикистон дар ҷомеаи илмии ҷаҳон баланд бардошта шавад. Дар ин замина, Комиссияи олии аттестатсионӣ пайваста барои такмили фаъолияти маҷаллаҳои илмӣ ва мутобиқсозии онҳо ба талаботи байналмилалӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

Дар идомаи семинар аз ҷониби мушовири самти қарорҳои илмӣ-тадқиқотии ширкати байналмилалии Elsevier дар Осиёи Марказӣ Султанов Дмитрий Викторович пешниҳод гардид. Мавсуф дар мавзуи «Меъёрҳои интихоб дар Scopus ва рушди маҷаллаҳо бо назардошти принсипҳои илмӣ» суханронӣ намуда, доир ба меъёрҳои асосии интихоб ва арзёбии маҷаллаҳои илмӣ барои шомил гардидан ба пойгоҳи байналмилалии Scopus маълумоти муфассал ироа намуд.

Зимни баромад қайд гардид, ки ҳангоми баррасии маҷаллаҳо барои дохил шудан ба пойгоҳи Scopus як қатор меъёрҳои муҳим ба назар гирифта мешаванд. Аз ҷумла, сифати муҳтавои илмӣ, аҳамияти илмии мақолаҳо, фаъолияти шаффофи ҳайати таҳририя, мавҷудияти низоми самараноки тақризи илмӣ, риояи меъёрҳои этикаи нашр, дастрасии байналмилалӣ, нашри мунтазам ва инчунин, сатҳи иқтибосшавии мақолаҳо аз ҷумлаи талаботи асосӣ маҳсуб меёбанд.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки барои рушди маҷаллаҳои илмӣ зарур аст сиёсати таҳрирӣ такмил дода шуда, стандартҳои байналмилалии таҳия ва нашри мақолаҳои илмӣ риоя карда шаванд. Ҷалби олимон ва муҳаққиқони хориҷӣ ба ҳайати таҳририя, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, нашри мақолаҳо бо забонҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани сифати таҳқиқоти илмӣ метавонанд ба баланд гардидани эътибор ва рақобатпазирии маҷаллаҳои миллӣ мусоидат намоянд.

Дар идомаи чорабинӣ музокира сурат гирифта, дар ҷараёни он намояндагони муассисаҳои илмӣ ва кормадони маҷаллаҳо андешаҳои худро доир ба масъалаҳои беҳтар намудани фаъолияти маҷаллаҳои илмии кишвар, татбиқи таҷрибаи байналмилалӣ дар соҳаи нашрияҳои илмӣ, баланд бардоштани сатҳи иқтибосшавии мақолаҳо ва ҷалби муаллифони хориҷӣ баён намуданд. Иштирокчиён, ҳамчунин, доир ба мушкилоти мавҷуда дар самти омодасозии маҷаллаҳо барои ворид шудан ба пойгоҳҳои байналмилалӣ саволҳо пешниҳод намуда, аз ҷониби мутахассисони соҳа посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дар фарҷоми семинар иштирокчиён омодагии худро барои татбиқи тавсияҳо ва пешниҳодҳои ироагардида изҳор намуда, таъкид карданд, ки ҳамкории зич байни муассисаҳои илмӣ, ҳайати таҳририяи маҷаллаҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ метавонад барои баланд бардоштани сифати маҷаллаҳои илмии тоҷикӣ ва воридшавии онҳо ба пойгоҳҳои бонуфузи байналмилалӣ мусоидат намояд.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org