Previous Next

ТАҲИЯИ МАХЗАНИ ЯГОНАИ МАҶАЛЛАҲОИ ИЛМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОМИЛИ МУҲИМ БАРОИ ВОРИДШАВӢ БА ФАЗОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ

Дар шароити муосири рушди ҷомеаи иттилоотӣ ва густариши равандҳои рақамикунонӣ, муттаҳидсозии фазои иттилоотии илмӣ ба яке аз вазифаҳои калидии сиёсати илмӣ ва маориф табдил ёфтааст. Хусусан дар соҳаи илму маориф ташкили фазои ягонаи иттилоотии илмӣ барои таъмини дастрасии фарогир ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

Бо дарки зарурати мазкур ва бо мақсади фароҳам овардани инфрасохтори муосири рақамӣ барои самаранокии фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии олимон, муҳаққиқон ва унвонҷӯён, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи муҳим ва саривақтиро амалӣ намуд. Дар доираи ин ташаббус Махзани  ягонаи маҷаллаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва роҳандозӣ гардид, ки он ҳамчун муҳити мутамаркази иттилоотӣ барои ҳамгироии дастовардҳои илмии ҷомеаи муҳаққиқон хизмат хоҳад кард.

Махзани илмии мазкур ҳамчун захираи инноватсионии электронии иттилоотӣ бо ҳадафи мутамарказ намудани тамоми маҷаллаҳои илмии ватанӣ дар низоми ягонаи рақамӣ таъсис дода шудааст. То ба имрӯз маълумот ва мақолаҳои илмӣ дар сомонаҳои ҷудогонаи муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷойгир буда, ин ҳолат раванди ҷустуҷӯ, дастрасӣ ва истифодаи манбаъҳои илмиро барои муҳаққиқон мушкил мегардонд.

Ҷорӣ гардидани махзани мазкур ин мушкилотро бартараф намуда, имконияти ҷустуҷӯи босуръат ва муассири маҷаллаҳои илмиро фароҳам месозад. Тавассути ин пойгоҳи илмӣ-иттилоотӣ маълумоти мукаммал дар бораи нашрияҳои илмӣ, феҳристи маҷаллаҳо ва дигар нашрияҳои даврии илмӣ дар шакли рақамии муосир пешниҳод карда мешавад. Ин имконият муҳаққиқон, унвонҷӯён ва донишмандонро бо дастрасии фаврӣ ба натиҷаҳои охирини таҳқиқоти илмӣ таъмин менамояд.

Таҳия ва татбиқи чунин низоми муосири электронии иттилоотӣ барои рушди илми тоҷик як қатор бартариҳои бунёдӣ дорад:

Марказонидани маълумоти илмӣ. Ба ҷои ҷустуҷӯи тӯлонӣ дар сомонаҳои гуногун, муҳаққиқон метавонанд, тамоми маҷаллаҳои илмии эътирофшударо аз манбаи ягона дастрас намоянд.

Баланд бардоштани самаранокии фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ. Махзани ягона имкон медиҳад, ки олимон ва муҳаққиқон маҷаллаҳо ва маводҳои заруриро дар кӯтоҳтарин муҳлат пайдо намоянд, ки ин ба сарфаи назарраси вақт мусоидат мекунад.

Шаффофият ва стандартикунонии равандҳои нашр. Ҷойгиршавии маҷаллаҳо дар як махзани расмӣ имконият медиҳад, ки талаботҳои илмӣ-техникӣ ва стандартҳои нашри илмӣ ба таври ягона ва шаффоф риоя карда шаванд.

 Дурнамо: ворид намудани конференсияҳои илмӣ ба махзани ягонаи маводҳои илмӣ.

Фаъолияти илмӣ танҳо ба нашри мақолаҳо дар маҷаллаҳо маҳдуд намешавад. Қисми муҳими мубодилаи илмӣ ва натиҷаҳои таҳқиқот дар доираи конференсияҳо, симпозиумҳо ва семинарҳои илмӣ сурат мегирад. Бо дарназардошти ин омил, таҳиягарони махзани  илмӣ  рушди минбаъдаи онро низ дар назар доранд.

Тибқи нақша, дар сохтори махзани илмӣ дар ояндаи наздик бахши алоҳидаи конференсияҳои илмӣ ташкил карда  мешавад. Дар доираи ин бахш нусхаҳои электронии маводҳои ҳамаи конференсияҳо, симпозиумҳо ва семинарҳои илмие, ки дар саросари ҷумҳурӣ баргузор мегарданд, ҷамъоварӣ ва дар як пойгоҳи ягона ҷойгир карда мешаванд.

Ин иқдом аҳамияти бузурги  илмӣ-амалӣ дорад, зеро муҳаққиқон ва донишмандон метавонанд, новобаста аз маҳалли ҷойгиршавии худ ба маърузаҳо ва мақолаҳои пешниҳодшуда дар конференсияҳои илмӣ дастрасӣ пайдо кунанд.

Дар маҷмуъ, таҳия ва роҳандозии Махзани ягонаи маҷаллаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионӣ иқдоми муҳим ба рушди инфрасохтори рақамии илмии кишвар ба ҳисоб меравад. Ин низом тадриҷан ба шабакаи мутамаркази иттилоотии илмӣ табдил ёфта, барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, густариши ҳамкориҳои академӣ ва таҳкими рақобатпазирии илми ватанӣ дар фазои байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.

https://journals.vak.tj/ 

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org