Previous Next

НАВРӮЗ - МУАРРИФГАРИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Наврӯз яке аз куҳантарин ва пурмазмунтарин ҷашнҳои башарият башумор рафта, дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳамчун рамзи бедоршавии табиат, оғози соли нави астрономӣ ва марҳилаи тозаи зиндагӣ шинохта шудааст. Ин ҷашни бузурги ниёгон на танҳо таҷассумгари эҳёи табиат, балки ифодакунандаи покиву болидагии руҳу андеша, таҳкими эҳсоси худшиносӣ ва густариши арзишҳои инсондӯстонаву ахлоқӣ дар ҷомеа мебошад. Дар замони истиқлолият аҳамияти Наврӯз боз ҳам бештар гардида, он ба унвони ҷашни ваҳдат, дӯстӣ ва ҳамбастагӣ мақоми хоса касб намудааст.

Бо ҳамин руҳияи баланди идона ва эҳсоси ифтихор аз мероси ғании фарҳангӣ дар Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи наврӯзӣ бо иштироки роҳбарият, кормандон ва меҳмонони даъватгардида баргузор гардид. Баргузории чорабинӣ бо унсурҳои миллӣ, рамзҳои наврӯзӣ ва дастархонҳои идона зебу зинат дода шуда, фазои ҳақиқии баҳору эҳёро таҷассум менамуд.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳӣ ва табрикоти раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ, доктори илмҳои биологӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода оғоз ёфт. Мавсуф дар баромади худ ҳозиринро ба муносибати фарорасии Иди  байналмилалии Наврӯз самимона шодбош гуфта, қаӣд карданд, ки Наврӯз ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи тамаддуни башарӣ имрӯз низ аҳамияти худро нигоҳ дошта, мардумро ба ваҳдат, созандагӣ ва эҳёи арзишҳои неки инсонӣ раҳнамоӣ менамояд. Зикр карданд, ки маҳз тавассути чунин ҷашнҳо эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ тақвият ёфта, насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ тарбия меёбад.

Сипас, олимони шинохтаи кишвар Рустам Тағоймуродзода ва Хайёл Бобоев доир ба таърихи кӯҳан, паҳлуҳои фарҳангӣ ва аҳамияти ҷаҳонии Наврӯз суханронӣ намуда, қайд карданд, ки ин ҷашн имрӯз ба як пули мустаҳками ҳамгироии фарҳангҳо ва тамаддунҳо табдил ёфтааст.

Дар идомаи чорабинӣ бахши фарҳангиву фароғатӣ ва ҷамъбасти озмунҳои анъанавии наврӯзӣ баргузор гардиданд. Аз ҷумла, озмуни дастархони «ҳафтсину ҳафтшин» ва омода намудани хӯрокҳои миллӣ бо иштироки фаъолонаи кормандон доир шуда, иштирокчиён бо маҳорати баланд суннатҳои қадимаи оростани дастархон ва тайёр намудани таомҳои миллиро ба намоиш гузоштанд. Ҳар як дастархон бо завқу салиқаи хос ороста шуда, рамзҳои фаровонӣ, баракат ва эҳтиром ба табиатро таҷассум менамуд.

Ҳамзамон, мусобиқаҳои варзишии наврӯзӣ, ки бо ҳадафи тарғиби тарзи ҳаёти солим ва таҳкими руҳияи рақобати солим миёни кормандон баргузор шуда буданд, ҷамъбаст гардиданд. Кормандон дар намудҳои гуногуни варзиш, ба мисли шашкаю шоҳмот ва тенниси рӯйимизӣ фаъолона иштирок намуда, маҳорати баланд нишон доданд. Ғолибон ва фаъолон бо Ифтихорномаи Комиссияи олии аттестатсионӣ сарфароз гардонида шуданд.

Инчунин, ба як қатор кормандони фаъол, ки дар рушди фаъолияти муассиса ва татбиқи ташаббусҳои гуногун саҳми назаррас гузоштаанд, бо Ифтихорнома ва мукофотпулиҳо кадрдонӣ карда шуданд.

Барномаи фарҳангии рангин, ки аз суруду таронаҳои ҷашнӣ иборат буд, ба чорабинӣ ҳусни хоса зам намуд. Фазои гарм, самимият ва эҳсоси шодиву нишот, ки дар чеҳраи иштирокчиён бараъло эҳсос мегардид, аз арзиши баланди Наврӯз, ҳамчун ҷашни эҳё, ваҳдат ва муҳаббат шаҳодат медод.

Дар маҷмуъ, баргузории чунин чорабинии пуршукӯҳ бори дигар собит намуд, ки Наврӯз на танҳо ҷашни табиат, балки омили муҳими таҳкими ҳамбастагии иҷтимоӣ, рушди фарҳанг ва тарбияи маънавии ҷомеа ба ҳисоб меравад.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org