Previous Next

Наврӯз муборак!

Олам ҳама хандон шуд, Наврӯз муборак бод!

Лабҳо шакаристон шуд, Наврӯз муборак бод!

 

Аз номи Раёсат ва кулли кормандони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамватанон, кормандону пажуҳишгарон, олимону муҳаққиқон ва кулли бошандагони ҳавзаи Наврӯзро ба муносибати фарорасии Рӯзи Наврӯзи ҷаҳонӣ – ҷашни зиндагисоз самимона табрику таҳният гуфта, бароятон хушбахтию шодкомӣ ва дар корҳоятон муваффақияту пирӯзиҳо таманно дорем!

Кишвари азизамон барҳақ Ватани Наврӯз ва ташаббускори мақоми байналмилалӣ гирифтани он буда, дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои зиндагӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад ва дар ҳама самт, аз ҷумла вусъату таҳкими  захираи гаронарзиши илмию ақлонии кишвар бо таҳқиқоти олимону пажуҳишгарон оид ба масъалаҳои мубрами илму технологияҳои муосир ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Боиси фараҳмандист, ки маҳз дар даврони Истиқлоли давлатӣ Наврӯз бо тамоми ҳастию ғановати хеш эҳё шуд. Наврӯз яке аз шоҳсутунҳои фарҳангии кохи давлат ва истиқлол буда, мунодии сулҳу субот, дӯстиву рафоқат ва ҳамдилии халқҳо эътироф гардид.

Наврӯз ҳамчун ҷашни аҷдодии мо аз сароғоз асоси ҳастии иҷтимоӣ ва тамаддунии инсонро мушаххас намудааст. Бузургдошти Наврӯз бузургдошти таърих ва тамаддуни башарист, ки дар тӯли садсолаҳо арзишҳои неки инсониро дар худ таҷассум мекунад.

Наврӯз ба сифати беҳтарин ҷашни миллии мардуми Шарқ эҳёгарию созандагӣ, таҳаммулу ҳамбастагӣ ва осудаҳолию сулҳро тарғиб менамояд. Ҷовидонагии Наврӯз ба ҳайси қадимтарин ҷашни зиндаву пойдори ҷаҳон дар пайванди ногусаста бо ниёзҳои ҳаётӣ ва сиратии инсон - зиндагии озодаву шоиста, пешрафти иҷтимоӣ ва бахусус камоли маънавии инсон аст.

Орзу менамоем, ки Наврӯзи оламафрӯз ҳамасола бо қабои сабзи худ чун мунодии пиндору гуфтору рафтори нек моро ба сӯйи рӯзгори орому осуда ва ободии Ватани азизамон раҳнамун созад.

 

Бахт, эй ёрон, шуморо ҳамдами дилсӯз бод,

Бо умеди нав ба нав ҳар рӯзатон Наврӯз бод!

 

Наврӯз муборак, ҳамватанони азиз!

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

ПОЙГОҲИ ДОДАҲОИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2024.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org