ИСТИФОДАИ ДУРУСТИ МАНБАЪҲОИ ИЛМӢ ДАР ТАҲИЯИ МАҚОЛАҲО

Санаи 7 апрели соли 2026 дар маҷлисгоҳи Комиссияи олии аттестатсионӣ хониши идоравӣ дар мавзуи «Менеҷерҳои библиографӣ» бо иштироки кормандони шуъбаҳои аттестатсионӣ ва бахшҳои дахлдори  Комиссия ва дигар шахсони масъул баргузор гардид.

Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии масъулин оғоз ёфта, зимни он ба аҳамияти истифодаи технологияҳои муосир дар фаъолияти илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

 Қайд гардид, ки менеҷерҳои библиографӣ ҳамчун воситаи муҳим барои танзим, нигоҳдорӣ ва истифодаи дурусти манбаъҳои илмӣ, дар раванди таҳияи мақолаҳо ва корҳои таҳқиқотӣ нақши калидӣ доранд. Дар шароити рушди босуръати илму техника, азхудкунии чунин абзорҳо барои ҳар як муҳаққиқ ва унвонҷӯй амри зарурӣ арзёбӣ гардид.

Қисмати асосии хониш бо маърузаи пурмуҳтаво ва таҳлилии номзади илмҳои техникӣ, дотсент Абдулло Мамадамон идома ёфт. Маърузачӣ зимни баромади худ ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии истифодаи менеҷерҳои библиографиро шарҳ дода, ба масъалаҳои омода намудани мақолаҳои илмӣ, тартиб додани рӯйхати адабиёт, риояи меъёрҳои иқтибосоварӣ ва истифодаи дурусти манбаъҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки риояи талаботи муосири таҳияи корҳои илмӣ, аз ҷумла дуруст истифодабарии манбаъҳо ва роҳ надодан ба иқтибоси ғайримақсаднок, омили муҳим дар баланд бардоштани сифати корҳои таҳқиқотӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, истифодаи самараноки менеҷерҳои библиографӣ метавонад кори муҳаққиқонро осон намуда, дақиқӣ ва эътимоднокии натиҷаҳои илмиро таъмин намояд.

Дар бахши музокира иштирокчиён доир ба масъалаҳои матраҳшуда андешаҳои худро баён намуда, ба мавзуъҳои мубрами соҳа, аз ҷумла такмили малакаҳои таҳияи мақолаҳои илмӣ, дуруст ба роҳ мондани истинодҳо ва густариши истифодаи забони давлатӣ дар корҳои илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ зикр гардид, ки баргузории чунин хонишҳои идоравӣ барои баланд бардоштани сатҳи фарҳанги илмӣ, такмили маҳорати касбии кормандон ва мутобиқ намудани фаъолияти илмӣ ба талаботи муосир мусоидат менамояд.

 

 

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org