Риояи қоидаҳои имло ва мутобиқатии забони илмӣ: асоси таҳияи диссертатсия ва автореферат бояд ҷавобгӯ ба талаботи муосир бошад

Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи унвонҷӯён, докторантон (PhD), муҳаққиқон ва роҳбарон (мушовирон)-и илмӣ мерасонад, ки дар шароити рушди босуръати илму маориф ва ворид гардидани дастовардҳои илмии ватанӣ ба фазои байналмилалӣ, риояи меъёрҳои забон, таъмини мавод ва сатҳи услубии матнҳои илмӣ аҳаммияти хосса касб менамояд. Забони илмӣ на танҳо василаи баён, балки нишондиҳандаи сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги илмии муаллиф ба ҳисоб меравад.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки зимни таҳияи диссертатсияҳо ва авторефератҳо қоидаҳои имло ба таври зарурӣ риоя нагардида, ба истифодаи номувофиқи истилоҳоти илмӣ ва камбудиҳои услубӣ роҳ дода мешавад, ки чунин норасоиҳо ба арзёбии умумии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ таъсири манфӣ расонида, сатҳи илмии онро коҳиш медиҳад.

Таъкид мегардад, ки ба ҳар як муҳаққиқ зарур аст, зимни таҳияи кори илмии худ ба покизагӣ ва беолоишии забон, риояи дурусти қоидаҳои имло, равонӣ ва мантиқияти баён, инчунин ба мутобиқати дақиқи истилоҳот аҳамияти ҷиддӣ диҳад. Риояи ин меъёрҳо шарти асосии таълифи матни илмии босифат мебошад.

Дар ин робита, ба довталабон тавсия дода мешавад, ки пеш аз пешниҳод намудани диссертатсия ва автореферат матни маводди таҳия намудаи худро аз нигоҳи забонӣ ва услубӣ дар мувофиқа бо мутахассисони соҳаи забоншиносӣ мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Чунин иқдом метавонад ба беҳтар гардидани сатҳи умумии корҳои илмӣ ва пешгирии иштибоҳот мусоидат намояд. Риояи меъёрҳои забонии таълифи корҳои илмию таҳқиқотӣ, яке аз шартҳои калидии рушди устувори илми миллӣ ва муаррифии шоистаи он дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

 

 

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org