Previous Next

ИЛМ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ – ЗАМИНАИ УСТУВОРИ РУШДИ МИЛЛӢ

Санаи 14 апрели соли ҷорӣ дар Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши идоравӣ ва ҳамзамон чорабиниҳо дар доираи «Ҳафтаи илм» бахшида ба Рӯзи илми тоҷик бо иштироки доираи васеи роҳбарият ва кормандон баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш Раиси Комиссия Сайфиддин Давлатзода, сарнозири раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаромарз Раҳмонзода, инчунин мудирони шуъбаҳо ва кормандони Комиссия фаъолона иштирок намуданд.

Дар сухани ифтитоҳии худ Сайфиддин Давлатзода вобаста ба сиёсати дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди илм иброз доштанд, ки илм ва маърифат метавонанд, ҳамчун сипари боэътимод дар мубориза бар зидди коррупсия хизмат намоянд. Ӯ таъкид кард, ки коррупсия монеаи ҷиддӣ дар роҳи рушди давлат буда, танҳо тавассути баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа, тақвияти ахлоқи аҳолии кишвар ва ҳамкории зичи тамоми ниҳодҳо метавон онро коҳиш дод.

Тавре таъкид гардид, дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи илм ҳамчун самти афзалиятнок бо ташаббус ва сиёсати хирадмандонаву илмпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми шоиста касб намудааст. Маҳз таваҷҷуҳи пайваста ба рушди илм, баланд бардоштани мақоми олимон ва фароҳам овардани шароити мусоиди илмӣ заминаи пешрафти устувори кишварро таъмин менамояд. Фаъолияти Комиссияи олии аттестатсионӣ низ дар ҳамин замина тақвият ёфта, ба рушди неруи зеҳнӣ ва таҳкими иқтидори илмии кишвар равона гардидааст.

Қайд карда шуд, ки ҳамасола моҳи апрел дар тамоми муассисаҳои илмию таҳқиқотии ҷумҳурӣ «Ҳафтаи илм» бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ин иқдоми муҳим ба рушди тафаккури илмӣ, муаррифии дастовардҳои олимон, ҷалби ҷавонон ба фаъолияти илмӣ ва таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот мусоидат менамояд. Дар доираи ҳафтаи мазкур баргузории семинарҳо, мизҳои мудаввар, хонишҳои илмӣ ва муҳокимаҳои соҳавӣ ба як анъанаи судманд табдил ёфтааст.

Ҳамоиши мазкур дар баробари арҷгузорӣ ба илм, инчунин ба баррасии марҳилаи дуюми татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (солҳои 2026–2030) бахшида шуд. Таъкид гардид, ки мубориза бо коррупсия ҳамчун яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатӣ ва омили муҳими рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ аҳамияти махсус дорад. Ин марҳила ба таҳкими шаффофият, такмили идоракунии давлатӣ ва баланд бардоштани масъулияти кормандону хизматчиёни давлатӣ равона гардидааст.

Дар идома, Раҳмонзода Фаромарз Назришоҳ баромад намуда, самтҳои афзалиятноки марҳилаи дуюми Стратегияро муфассал шарҳ дод. Ӯ зикр кард, ки дар шароити муосир истифодаи технологияҳои рақамӣ, ҷорӣ намудани хизматрасониҳои электронӣ, такмили қонунгузорӣ ва тақвияти назорати давлатӣ аз воситаҳои муассири пешгирии коррупсия ба шумор мераванд ва коҳиши таъсири омилҳои инсонӣ дар раванди қабули қарорҳо метавонад сатҳи шаффофият ва адолатро ба таври назаррас баланд бардорад.

Дар ҷараёни музокираҳо, ки бо иштироки мудирони шуъбаҳо ва кормандони Комиссия сурат гирифт, масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ташаккули фарҳанги зиддикоррупсионӣ, тақвияти назорати дохилӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва густариши ҳамкориҳои байниидоравӣ мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, иштирокчиён ба аҳамияти ҷалби ҷавонон ба илм, тарбияи кадрҳои баландихтисос ва пайваст намудани илм бо идоракунии давлатӣ андешаронӣ  намуданд.

Дар фарҷом таъкид гардид, ки рушди илм ва мубориза бо коррупсия ду омили ба ҳам пайваста буда, метавонанд заминаи боэътимоди пешрафти давлатро таъмин намоянд. Хониши идоравӣ ва чорабиниҳои «Ҳафтаи илм» ҳамчун минбари муҳими мубодилаи афкор ва ташаккули тафаккури созанда арзёбӣ гардида, татбиқи босамари Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар марҳилаи дуюм метавонад ба коҳиши сатҳи коррупсия, таҳкими эътимоди ҷомеа ва таъмини рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидати назаррас намояд.

 

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org