Ба таваҷҷуҳи муассисаҳои илмӣ, таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ

Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилоъ мерасонад, ки тибқи талаботи ҷорӣ шумораи №1-и маҷаллаи илмӣ барои соли 2026 мебоист то анҷоми моҳи марти соли равон дар сомонаи расмии худи маҷалла ва дар сомонаи eLIBRARY ҷойгир карда мешуд.

Таҳлили иҷрои талаботи мазкур нишон дод, ки на ҳамаи маҷаллаҳои илмӣ ин талаботро ба таври дахлдор иҷро намудаанд. Аз ҷумла, то ба имрӯз аз 69 маҷаллаи илмии ватании ба Феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионӣ шомилгардида, 24 маҷалла дар сомонаи расмии худ шумораи №1-и соли 2026-ро ҷойгир накардаанд.

Ҳолати мазкур ба нашри маводди илмӣ бе экспертизаи дахлдор оварда мерасонад, ки ба нуфузи маҷаллаи илмӣ созгор нест.

Бо назардошти ҳолати баамаломада, ба масъулини маҷаллаҳои илмии тақризшаванда дастур дода мешавад, ки ҳар семоҳа шумораи зарурии маҷаллаи илмиро дар сомонаи расмии худ ва сипас, дар сомонаи eLIBRARY ба таври пурра ва мутобиқ ба талаботи муқарраршуда ҷойгир намуда, нусхаи чопии шумораи зикршуда ба Комиссияи олии аттестатсионӣ ва гирандагони ҳатмии маҷаллаҳо пешниҳод гардад. Ҳангоми дар муҳлати муайянгардида иҷро нагардидани талаботи мазкур, маҷаллаи илмӣ аз Феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионӣ хориҷ карда мешавад.

Замима: рӯйхати маҷаллаҳо

 

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org