Дар толори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» имрӯз бо иқдоми Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари машваратӣ таҳти унвони «Такмили низоми аттестатсия ва риояи санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳа» баргузор гардид.
Дар кори семинар муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарифзода Мумин Машокир, мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятӣ Каримзода Мавзуна Асламҷон, мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, биологӣ, байторӣ ва аграрӣ Шоҳмуродзода Заррина, мудири бахши иттилоот ва маҷаллаҳои илмӣ Шарифзода Дурандеш, мутахассиси пешбари шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятӣ Убайдзода Азиза, инчунин раисон, котибон ва аъзои шуроҳои диссертатсионӣ, олимону донишмандон ва дигар масъулин иштирок намуданд.
Дар оғози семинар ректори Донишгоҳ Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин меҳмононро хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки фаъолияти Комиссияи олии аттестатсионӣ дар баланд бардоштани сатҳи таҳқиқоти илмӣ, таъмини шаффофияти раванди додани унвонҳои илмӣ, дастгирии олимони ҷавон ва таҳкими пояҳои илмии кишвар нақши муҳим дорад.
Сипас, муовини раиси КОА Шарифзода Мумин Машокир зимни суханронӣ доир ба ҳадаф ва аҳаммияти баргузории семинар ибрози назар намуда, таъкид кард, ки чунин чорабиниҳо дар заминаи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар роҳандозӣ мегарданд. Ӯ ба масъалаҳои такмили низоми аттестатсияи кадрҳои илмӣ, баланд бардоштани сифати таҳқиқоти диссертатсионӣ, риояи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва густариши иштироки олимони тоҷик дар фазои илмии байналмилалӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд.
Дар идома, Каримзода Мавзуна Асламҷон оид ба тартиби таҳия ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои диссертантҳо ба Комиссия, истифодаи пойгоҳи додаҳо, риояи талаботи пешниҳоди диссертатсия ва автореферат, инчунин дигар ҷанбаҳои муҳимми ҳуҷҷатнигории илмӣ маълумоти муфассал пешниҳод кард.
Ҳамзамон, Шарифзода Дурандеш масъалаҳои марбут ба индексия ва иқтидори илмӣ, тарзи таҳияи мақолаҳои илмӣ тибқи усули IMRAD, сохтори дурусти мақолаи илмӣ, фаъолияти китобхонаи электронии Комиссия ва талаботи маҷаллаҳои тақризшавандаро шарҳу тавзеҳ дод.
Дар ҷараёни семинар раисон, котибон ва аъзои шуроҳои диссертатсионӣ ба саволу ҷавоб ҷалб гардида, доир ба тартиби таҳия, баррасӣ ва ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ тибқи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Дар анҷоми чорабинӣ маросими тантанавии супоридани шаҳодатномаҳои унвон ва дараҷаҳои илмӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ ректори Донишгоҳ Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин ба раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин барои ташкили сатҳи баланди семинар-машварат, ҳамкории судманд, дастгирии ташаббусҳои илмӣ ва саҳми арзанда дар омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

