Тағйирот дар Нархномаи хизматрасониҳои давлатии пулакии Комиссия

Ба диққати муассисаҳои илмӣ-таълимӣ ва масъулини шуроҳои диссертатсионӣ расонида мешавад, ки аз санаи 27.03.2024 ба Нархномаи хизматрасониҳои давлатии пулакии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд.

Минбаъд хизматрасониҳо тибқи ҷадвали нархномаи нави хизматрасонӣ ба роҳ монда мешаванд.

Замима

ЭЗОҲ:

Нархномаи нави хизматрасониҳои давлатии пулакии Комиссия барои 1) кормандони муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ; 2) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бевосита ба таҳқиқоти илмӣ машғул набуда, кори илмӣ машғулияти иловагии онҳо ба ҳисоб меравад (аз ҷумла, хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорон ва ғайра) ва 3) шаҳрвандони хориҷӣ пешбинӣ гардидааст.

Барои воқеъбинона анҷом додани хизматрасониҳои давлатии пулакии Комиссия, аз ҷумла санҷиши асолати диссертатсияҳо пеш аз ҳимоя тавассути барномаи “Антиплагиат”, аз довталабони дараҷаҳои илмӣ хоҳиш мегардад, ки аз ҷойи кори асосии худ маълумотнома пешниҳод намоянд.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

ПОЙГОҲИ ДОДАҲОИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2024.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org