15-уми майи соли ҷорӣ дар Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила хониши идоравӣ таҳти унвони «Оила - пояи тарбия, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешгирии терроризм ва экстремизм» бо иштироки роҳбарият, мудирони шуъбаву бахшҳо ва кормандони муассиса баргузор гардид.
Дар оғози ҳамоиш саркотиби илмии Комиссияи олии аттестатсионӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Маъруфӣ Расул Нурмуҳаммад иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила самимона табрик намуда, таъкид намуданд, ки оила ҳамчун ниҳоди муқаддас ва асоси ҷомеаи солим дар ташаккули маънавиёти инсон, тарбияи фарзандони соҳибмаърифат ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши сарнавиштсоз дорад.
Мавсуф иброз дошт, ки дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир, ки таҳдидҳои терроризм ва экстремизм рӯз ба рӯз хусусияти фаромиллӣ касб менамоянд, тарбияи дурусти фарзандон дар муҳити солими оилавӣ метавонад, ҳамчун сипари боэътимод ҷавононро аз таъсири ақидаҳои ифротӣ ва равияҳои тундрав ҳифз намояд. Таъкид гардид, ки танҳо ҷомеаи босаводу фарҳангӣ, худогоҳу ватандӯст қодир аст бар зидди терроризм ва экстремизм муборизаи муассир барад.
Сипас коршиноси масъалаҳои гендерӣ ва собиқадори хизмати давлатӣ Марҳабо Олимӣ дар мавзуи «Оила ва масъулияти иҷтимоӣ дар ҷомеаи имрӯза» маърӯза намуда, перомуни аҳамияти муҳити солими оилавӣ, нақши волидайн дар тарбияи фарзандон ва масъулияти иҷтимоии ҳар як узви ҷомеа андешаронӣ намуданд. Аз ҷумла, қайд карданд, ки оила асосии пойдевори давлат мебошад ва дар ин замина масъалаҳои рушди оила, занон ва ҷавонон дар кишвар масъалаҳое маҳсуб меёбанд, ки зери таваҷҷуҳи ҳемешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Вобаста ба рушди оила дар кишвар, баробарии гендерии занону мардон тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонуну қарорҳо, стратегияу консепсияҳо, барномаҳо ва сохторҳои дахлдори давлатӣ ташкил карда шудаанд. Зикр гардид, ки имрӯз рушди тарбияи ахлоқии ҷавонон, ҷалби онҳо ба омӯзиши илму дониш, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву ватандӯстӣ, пешгирии фавти модару кӯдак, баланд бардоштани маърифати оилавӣ оид ба танзими оила, пешгирии исқоти ҳамли номатлуб, бемориҳои бо роҳи ҷинсӣ сирояткунанда, никоҳи хешу таборӣ ва шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро муҳимтарин масъалаҳои ҳалталаби мубрами рӯз ба ҳисоб мераванд.
Дар идомаи чорабинӣ сардори кафедраи махсуси Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, полковник Бобоев Амирқул Раҳмонович дар мавзуи “Муҳтаво ва мазмуну мундариҷаи Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 дар солҳои 2026-2030” суханронӣ намуда, таваҷҷуҳи аҳли толорро ба масъалаҳои аҳамияти қабули Стратегия мазкур, таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, истифодаи самараноки имкониятҳои иттилоотӣ ва пешгирии паҳншавии ғояҳои ифротӣ дар фазои иттилоотӣ ва сабабу омилҳои ба тундгароӣ ва экстремизм мусоидаткунанда ҷалб намуданд.
Таъкид гардид, ки мубориза бо терроризм ва экстремизм танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест, балки амали дастаҷамъонаи ҷомеа, муассисаҳои таълимӣ, зиёиён ва пеш аз ҳама оила мебошад. Зеро маҳз муҳити солими оилавӣ, тарбияи дуруст ва назорати доимии волидайн метавонад ҷавононро аз гаравидан ба гурӯҳҳои ифротӣ эмин нигоҳ дорад.
Иштирокчиёни чорабинӣ иброз доштанд, ки таҳкими пояҳои оиладорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсӣ, рушди фарҳанги миллӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ аз омилҳои муҳимтарини таъмини суботи ҷомеа ва амнияти давлат ба шумор мераванд. Дар фарҷом таъкид шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар шароити имрӯза аҳамияти махсус дошта, барои таҳкими арзишҳои оилавӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб ва тарбияи насли солиму созанда мусоидат менамояд.

