Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишию машваратӣ баргузор гардид, ки дар он муовини раиси Комиссия Шарифзода Мумин Машокир, проректори Донишгоҳ оид ба илм ва инноватсия, Сафармамадзода Сафармамад Муборакшо, мудирони шуъбаву бахшҳои Комиссия, котибони шуроҳои диссертатсионӣ ва дигар масъулини соҳаи илм иштирок намуданд.
Семинари мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбии кормандону муҳаққиқон, такмили тартиби таҳияи корҳои илмӣ ва шарҳи меъёрҳои амалкунандаи фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ доир гардид. Дар рафти семинар масъалаҳои мубрами соҳаи илм, аз ҷумла истифодаи дурусти истилоҳоту ибораҳои илмӣ, риояи талаботи муқарраргардида ҳангоми таҳияи рисолаҳои илмӣ, тартиби барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо ва мутобиқсозии корҳои илмӣ ба талаботи муосир мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд.
Зимни суханронӣ муовини раиси Комиссия Шарифзода Мумин Машокир таъкид намуд, ки рушди соҳаи илм ва омодасозии кадрҳои баландихтисос аз самтҳои муҳими сиёсати илмии кишвар ба шумор рафта, тақозо менамояд, ки ҳар як муҳаққиқ ва масъули шуроҳои диссертатсионӣ ба сифати корҳои илмӣ, саҳеҳии истилоҳот ва риояи талаботи методӣ диққати ҷиддӣ зоҳир намояд.
Дар идомаи семинар аз ҷониби масъулин вобаста ба тартиби омодасозӣ ва пешниҳоди рисолаҳои илмӣ, таҳияи хулосаҳо, қоидаҳои фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ ва роҳҳои пешгирии камбудиҳои ҷойдошта маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Ҳамчунин, байни иштирокчиён мубодилаи судманди афкор сурат гирифта, ба саволу пешниҳодҳои онҳо посухҳои мушаххас ва тавсияҳои методӣ дода шуданд.

