31 июл дар толори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Фарҳанги библиографӣ ва рақамисозии сарчашмаҳои илмӣ” семинар баргузор гардид.
Ҳамоишро раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ таъкид кард, ки татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди илму маориф, баланд бардоштани сифати таҳқиқоти илмӣ ва мутобиқсозии фаъолияти ноширӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти Комиссия ба ҳисоб меравад.
Зикр гардид, ки истифодаи рақами стандарти байналмилалии китоб (ISBN) барои бақайдгирии дурусти нашрияҳо, ҳифзи ҳуқуқи муаллифон, баланд бардоштани сатҳи эътирофи осори илмии муҳаққиқони тоҷик ва муаррифии онҳо дар фазои байналмилалии илмӣ аҳамияти хос дорад.
Дар идомаи семинар муовини директори Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон», номзади илмҳои филологӣ Маҳмаднабӣ Баёнов бо маърузаи “Корбурди рақами стандарти байналмилалии китоб (ISBN) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад кард.
Номбурда, доир ба низоми байналмилалии рақамгузории китоб, тартиби гирифтан ва истифодаи ISBN, нақши он дар бақайдгирии нашрияҳо, ҳифзи ҳуқуқи муаллифон, рушди фаъолияти ноширӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ маълумоти муфассал ироа намуд.
Сипас, мудири кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Гадобек Маҳмудов диққати ҳозиринро ба мавзуи «Қоидаҳои услуби тасвири библиографӣ тибқи стандарти давлатии ГОСТ 7.1–2003» ҷалб карда, талаботи асосии таҳияи тасвири библиографии китобҳо, мақолаҳои илмӣ, рисолаҳо ва дигар манбаъҳои иттилоотиро шарҳ дод.
Дар анҷоми семинар миёни иштирокчиён саволу ҷавоб баргузор гардид. Ҳозирин доир ба истифодаи ISBN, риояи талаботи стандарти давлатии ГОСТ 7.1–2003, тартиби таҳияи рӯйхати адабиёт дар рисолаҳо ва мақолаҳои илмӣ, инчунин, дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти илмӣ ва ноширӣ посухҳои муфассал гирифтанд.

