Previous Next

ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ДАРСИ СУЛҲ

Санаи 31 августи соли 2026 кормандони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо руҳияи болида ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дастаҷамъона тамошо намуданд.

Суханронии имрӯзаи Пешвои миллат барои аҳли маориф ва илми кишвар на танҳо табрики идона, балки роҳнамо ва барномаи муҳими амал барои соли нави таҳсил маҳсуб меёбад.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки тамоми дастовардҳои кишвар, аз ҷумла дар соҳаи маориф, самараи истиқлоли давлатӣ, сулҳу суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати пойдори миллӣ мебошанд. Аз ин рӯ, ҳифзу таҳкими сулҳу ваҳдат ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди огоҳу солимфикр мебошад. 

Яке аз нуктаҳои муҳими суханронии Пешвои миллат ин буд, ки дар замони рушди босуръати техникаву технологияҳо ва густариши зеҳни сунъӣ, сарвати асосии давлатҳо на танҳо захираҳои табиӣ, балки инсонҳои донишманд, ҷавонони соҳибмаърифат ва кадрҳои баландихтисос ба ҳисоб мераванд. 

Пешвои миллат махсус таъкид карданд, ки ҷавонон бояд вақтро ғанимат донанд, илму дониш, касбу ҳунарҳои муосир, забонҳои хориҷӣ, технологияҳои замонавӣ ва зеҳни сунъиро дар сатҳи баланд омӯзанд ва худро барои зиндагии шоиста ва ояндаи ободи Тоҷикистон омода созанд. 

Ҳамзамон, масъалаи истифодаи дурусти интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ аз масъалаҳои муҳими имрӯз мебошад. Тавре таъкид гардид, вақти зиёди кӯдакону наврасон набояд ба ҷои китобхонӣ, рушди малакаҳо ва машғул шудан ба варзиш дар фазои маҷозӣ сипарӣ гардад. Ин масъала моро водор мекунад, ки дар баробари таълими дониш, ба тарбияи фарҳанги истифодаи технологияҳо низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоем. 

Дар суханронӣ, инчунин, ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, такмили маҳорати касбии омӯзгорон, истифодаи усулҳои пешқадами таълим, таҳияи китобҳои дарсии насли нав, таҷҳизонидани муассисаҳои таълимӣ бо технологияҳои муосир ва тақвияти корҳои илмиву таҳқиқотӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Дарвоқеъ, суханронии имрӯзаи Пешвои миллат барои ҳар як омӯзгор, устод, олим, муҳаққиқ ва корманди соҳаи илму маориф қутбнамо буда, масъулияти наву ҷиддиро тақозо менамояд. Акнун вазифаи ҳар кадоми мост, ки ин дастуру  ҳидоятҳоро дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ самаранок истифода барем ва насли босазои даврони соҳибистиқлолро ба воя расонем.

 

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

© 2026. vak.tj
Много шаблонов Joomla на JooMix.org