Previous Next

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ КОМИССИЯИ ОЛИИ АТТЕСТАТСИОНИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, доктори илмҳои биологӣ, ПРОФЕССОР САЙФИДДИН ДАВЛАТЗОДА БАХШИДА БА РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ

Устодону омӯзгорони муҳтарам ва донишҷӯёну хонандагони азиз,

Фарорасии Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсилро ба ҳамаи Шумо устодону омӯзгорон, олимону муҳаққиқон, донишҷӯёну хонандагон, падару модарон ва аҳли маорифи кишвар самимона табрику таҳният мегӯям ва бароятон саломатии комил, рӯзгори осуда, саодатмандӣ, неруи тоза ва дар роҳи донишандӯзиву фаъолияти илмию омӯзгорӣ дастоварду комёбиҳои нав ба навро таманно дорам.

Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар кишвари мо рамзи эҳтиром ба илму маърифат ва сулҳу осоиштагӣ мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои хеш иброз доштаанд, ки Рӯзи дониш дар Тоҷикистони соҳибистиқлол танҳо оғози соли нави таҳсил нест, балки рӯзи таҷассуми эҳтиром ба дониш, илм, маърифат ва ояндаи миллат мебошад. Номгузории ин рӯзи муборак ба унвони Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бозгӯи он аст, ки пешрафти ҷомеа ва рушди илму маориф танҳо дар фазои сулҳу субот, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ имконпазир аст.

Имрӯз мо бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи кишвар ва имкониятҳои фароҳамомада соли нави таҳсилро оғоз менамоем. Дар даврони соҳибистиқлолӣ илму маориф ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат пайваста дастгирӣ гардида, барои рушди муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таҳсил ва омодасозии кадрҳои соҳибмаърифат тадбирҳои муҳим амалӣ мешаванд.

Дар ҷаҳони муосир, ки илму техника, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ бо суръати бесобиқа рушд мекунад, дониш дигар танҳо воситаи маърифат нест, балки неруи асосии рақобатпазирӣ, пешрафти истеҳсолот ва рушди давлат мебошад. Аз ин рӯ, омӯзиши илмҳои замонавӣ, забонҳои хориҷӣ, технологияҳои нав ва ташаккули тафаккури эҷодкору таҳлилӣ бояд ба ҳадафи муҳимтарини ҳар як ҷавон табдил ёбад.

Ояндаи Тоҷикистонро на танҳо захираҳои моддӣ, балки маърифати ҷомеа, иқтидори илмӣ ва сатҳи донишмандии насли нав муайян мекунад. Аз ин рӯ, масъулияти устоду омӯзгор танҳо бо таълим додани дониш маҳдуд намегардад, балки онҳо созандагони шахсият ва тарбиятгарони насли ояндасоз мебошанд. Мактаб макони муқаддасест, ки ба мо роҳи дурусти ҳаётро нишон медиҳад ва моро соҳиби илму адаб мекунад. Ҳар як муваффақияти шогирд натиҷаи заҳмати устод ва ҳар як дастоварди илмӣ саҳме дар пешрафти Ватан аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 31 августи соли равон дар мулоқот бо аҳли маорифи кишвар бахшида ба оғози соли нави таҳсил  ва Дарси сулҳ дар мактаби рақами 105-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе иброз доштанд, ки “Мо бояд ҳамқадами замон бошем, омӯзишу истифодаи технологияҳои муосирро дар сатҳи баланд ба роҳ монем ва ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки танҳо дар заминаи маорифи фаъолу фарогир ва пешрав метавонем дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи шоиста пайдо намоем.”

Дар партави ин суханони Пешвои миллат ба донишҷӯёну хонандагони кишвар муваффақияту бурдбориҳо орзу намуда, таъкид менамоям, ки аз имкониятҳои фароҳамомада самаранок истифода баранд, илм омӯзанд, касбу ҳунарро аз худ намоянд, ҷаҳонбинии худро васеъ созанд ва бо донишҳои замонавӣ барои ояндаи худ ва Ватани азизамон замина гузоранд. Имрӯз ҳар қадами шумо дар роҳи дониш, фардо  ба як қадами бузург дар роҳи пешрафти Тоҷикистон табдил меёбад.

Бигзор соли нави таҳсил соли донишҳои нав, кашфиётҳои тоза, дастовардҳои илмӣ, комёбиҳои таълимӣ ва қадамҳои устувор ба сӯи ояндаи дурахшони кишвар бошад.

Бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи устодону омӯзгорон, олимону муҳаққиқон, донишҷӯёну хонандагон ва падару модарони гиромиро ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил-Дарси сулҳ самимона табрик менамоям.

Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ муборак бод!

 

 

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

© 2026. vak.tj
Много шаблонов Joomla на JooMix.org