16 апрели соли равон дар толори асосии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мулоқоти раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин Хайриддин бо аъзои шуроҳои диссертатсионии назди муассисаҳои илмии АМИТ баргузор гардид.
Ба кори ҷаласа президенти АМИТ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи илми тоҷик муборакбод намуд. Гуфта шуд, ки масъулияти баланд бардоштани нуфузи илми тоҷик ва муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ вазифаи муқаддаси кормандони академия маҳсуб меёбад. Дастгириҳои мунтазами олимони мамлакат аз ҷониби роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ гувоҳи ин гуфтаҳо ҳастанд.
Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирокдорони ҳамоишро бо муносибати иди касбиашон табрик намуда, иброз дошт, Комиссия бо қаноатмандӣ ҷиҳати дастгириву ғамхориҳои ҳамешагиии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалигардонии дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат дар самти аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ омода мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳимояи сарвати зеҳнии олимону пажӯҳишгарони ҷумҳурӣ ва шаклгирии пурраю мустақими илми тоҷик Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 2014, №255 дар фазои илмии кишвар таъсис дода шуд.
Баъд аз тасдиқи низомнома ва сохтори Комиссия, 6 бастаи ҳуҷҷатҳо оид ба дарёфти дараҷа ва 15 парванда барои гирифтани унвонҳои илмии довталабон аз шуроҳои диссертатсионӣ ва муассисаҳои илмӣ шуруъ аз соли 2017 ворид гардиданд.
Нахустин диплом барои дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илмҳои педагогӣ ба Қарабоев Бахтовар Бахтиёрович бо силсилаи ДМИ №0001, диплом барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои техникӣ ба Саидзода Раҳим Ҳамро бо силсилаи ДДИ №0001, барои дарёфти унвони илмии дотсент аз рӯйи ихтисоси физиология ба Эсаналиева Шаҳноза бо силсилаи ДДТ №0001, барои дарёфти унвони илмии профессор аз рӯйи ихтисоси химия ба Раҷабов Умаралӣ бо силсилаи ДПТ №0001 дода шудааст.
Қобили зикр аст, ки дастгирии таҳқиқоти илмӣ, густариши ҳамкориҳо бо марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар меҳвари асосии таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Фаъолияти Комиссия дар самти аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ дар доираи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда амалӣ мегардад.
Раиси Комиссия Давлатзода С.Х. баромади худро тариқи слайд бо факту далелҳои мушаххас анҷом дода, аз раисони шуроҳои диссертатсионӣ даъват ба амал овард, ки ҳангоми гузаронидани ҳимояҳо нуктасанҷ буда, ба хусумату бадбинӣ ва дигар омилҳои зишт роҳ надиҳанд. Аз роҳбарони шуроҳои дисертатсионӣ ва директорони институтҳои АМИТ дархост гардид, ки олимону академикҳои соҳибмактаб ҳатман дар ҷаласаҳои шуроҳои диссертатсионӣ иштирок намоянд.
Гуфта шуд, ки риояи ҳатмии талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти Комиссия дар самти аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ, интихоби мавзуъҳои мубрам, созгор ба ҳадафҳои стратегии рушди миллӣ, ҷавобгӯ ба ниёзҳои иқтисоди миллии мамлакат ва ифодакунандаи манфиатҳои миллию давлатӣ барои таҳқиқоти илмӣ ва ҷалби муҳаққиқони ҷавон ва ҳамкориҳои судманд бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва пажӯҳишгоҳҳои зерсохтори он аз ҷумлаи афзалиятҳои фаъолият дар шуроҳои диссертатсионӣ маҳсуб меёбад.
Дар охир, раиси Комиссия ба саволҳои зиёди иштирокчиёни мулоқот посухҳои қаноатбахш дода, ба шумораи муайяни унвонҷӯёне, ки дар шуроҳои диссертатсионии назди институтҳои АМИТ рисолаҳои худро ҳимоя кардаанд, дипломи намунаи давлатии дараҷаи илмро дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуд.