Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ ба имзо расид.
Бояд иброз намуд, ки Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба инкишофи минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию омӯзгории тахассуси олӣ аҳаммияти аввалиндараҷа дода, ба фароҳам овардани шароити мусоид барои мустаҳкам намудани робитаҳои байниидоравӣ ва саъю кӯшиш ба рушди фазои ягонаи илмӣ дар ин самт розӣ шуданд.
Ҷонибҳо барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию омӯзгории тахассуси олӣ, ба густариши ҳамкориҳои мутақобила дар соҳаи илм мусоидат мекунанд. Дар ин замина, вусъат ва таҳким бахшидани ҳамкориҳои байни Комиссияҳо, аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию омӯзгории тахассуси олӣ, мубодилаи мутахассисон ва экспертҳое, ки дар аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию омӯзгории тахассуси олӣ иштирок мекунанд, гузаронидани форумҳо, симпозиумҳо ва конференсияҳои муштарак дар соҳаи аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию омӯзгории тахассуси олӣ ба манфиат дониста мешавад.
Дар доираи Созишномаи мазкур тарафҳо барои иштироки олимон-мутахассисони ҳарду мамлакат дар кори шуроҳои диссертатсионӣ оид ба додани дараҷаҳои илмӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда, ҷиҳати ташкили ҳимояи диссертатсияҳо, хусусан аз рӯйи ихтисосҳои илмие, ки дар онҳо норасоии олимон ва мутахассисони давлатҳо ҷой дорад, мусоидат менамоянд.
Мусоидат ба табодули иттилоот ва гузаронидани машваратҳо оид ба тартиби эътироф ва баробарарзишии (нострификатсияи) ҳуҷҷатҳо оид ба дараҷаҳои илмӣ, ки дар кишварҳои хориҷӣ дода шудааст, аз ҷумлаи самтҳои муҳимми Созишнома маҳсуб меёбад.
Инчунин, санади мазкур масъалаи дар ҳудуди давлатҳои худ эътироф намудани ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ доир ба додани дараҷаҳои илмиро, ки аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатии аттестатсионии дигар мамлакат дода шудааст, пас аз гузаштани расмиёти эътироф ва баробарарзишии (нострификатсияи) мувофиқи қонунгузории кишварҳо баррасӣ менамоянд.
Баланд бардоштани сифати экспертизаи диссертатсияҳо, табодули таҷриба ҷиҳати баланд бардоштани сифат ва самаранокии низоми аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию омӯзгории тахассуси олӣ низ аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятноки Созишнома дониста мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ин Созишнома дуюмин созишномаи Комиссия бо мақоми аттестатсионии кишвари хориҷӣ маҳсуб меёбад.
Мавриди тазаккур аст, ки дар доираи ин сафари давлатӣ аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ 28 санад ба имзо расид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Аҳдномаи ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон имзо гузоштанд. Созишномаҳо, протокол, ёддошти тафоҳум, харитаи роҳ ва барномаҳои ҳамкорие, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, рушду густариши ҳамкориро дар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб муҳиму афзалиятнок танзим менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи муносибатҳои ду кишвар рӯйдоди муҳим дониста, натиҷаҳои онро ҳамчун дастоварди арзишманд дар пешбурди раванди шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии ҷонибҳо арзёбӣ намуданд.
Аҳли илми кишвар аз имзои Созишномаи мазкур, ки он аз иқдомҳои созандаи Сарварони ду кишвари дӯсту бародар маншаъ мегирад, бо хушнудӣ истиқбол гирифтанд.