Баргузории семинари омӯзишӣ барои кормандони Комиссия

Бо мақсади амалӣ намудани Нақшаи кории Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2024 ва иҷрои протоколи маҷлиси назоратии назди раиси Комиссия аз 01.04.2024, суратмаҷлиси №12, аз ҷониби мудири шуъбаи тиббӣ, фарматсевтӣ, биологӣ, бойторӣ ва аграрӣ, доктори илмҳои кишоварзӣ Бозоров Шарифҷон Эмомалиевич дар маҷлисгоҳи муассиса барои кормандони Комиссия семинар-машварати омӯзишӣ дар мавзуи “Ташхиси техникии парвандаҳо ва тартиби кории онҳо дар марҳилаҳои гуногун то пешниҳод ба Раёсати Комиссия” тариқи рӯнамо (презентатсия) баргузор гардид.

Дар кори семинар-машварат масъалаҳои тартиби барасмиятдарории диссертатсия, автореферати диссертатсия, парвандаҳои аттестатсионӣ ва омӯзиши масъалаҳои муҳимми аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ баррасӣ гардиданд.

Аз ҷониби Бозоров Ш.Э. бо такя ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва корбарӣ дар Комиссияи олии аттестатсионии хориҷи кишвар маълумоти зарурӣ пешниҳод шуда, иштирокчиён ба саволҳои худ посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

Баргузории чунин семинар-машваратҳои омӯзишӣ ва таҳлилӣ барои кормандони шуъбаҳои аттестатсионӣ, ки ба ташхиси техникии парвандаҳо машғул мешаванд, роҳнамои касбӣ буда, мунтазам доир гардидани онҳо аз ҷониби Комиссия барои раисон ва котибони илмии шуроҳои диссертатсионӣ дар манотиқи гуногуни мамлакат ба ҳукми анъана даромадааст.

 

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

ПОЙГОҲИ ДОДАҲОИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2024.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org