Тақвият бахшидани ҳайати шуроҳои экспертӣ тақозои замон аст

Дар низоми аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ нақши шуроҳои экспертӣ ҳамчун мақоми илмӣ-ҷамъиятӣ барои баррасии воқеъбинонаи масъалаҳои вобаста ба аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Бо истифода аз фурсати муносиб иброз медорем, ки ҳайати шуроҳои экспертии назди Комиссия тӯли солҳои фаъолияташон дар ин самт корҳои созандаеро ҷиҳати мустаҳкамсозӣ, ташаккул ва муаррифии илми тоҷик ба сомон расониданд. Табиист, ки бо анҷоми муҳлати муқаррарӣ ҳайати онҳо бояд бозбинӣ карда шавад.

Аз ин рӯ, Раёсати Комиссия ба раисон, муовинони раис, котибони илмӣ ва ҳайати бознигаришудаи шуроҳои экспертӣ изҳори сипос намуда, қаноатмандии аҳли илми кишварро ба онҳо мерасонад.

Ба ҳайати нави шуроҳои экспертӣ омӯзиши таҷрибаи шуроҳои экспертии қаблӣ, идомаи озодандешӣ, серталабӣ, воқеъбинӣ ва экспертизаи беғаразонаи парвандаҳои аттестатсионӣ таманно карда мешавад.

Комиссия ба хотири рушди нерӯи илмии кишвар, муаррифии он дар сатҳи байналмилалӣ ва роҳандозии таҳқиқоти бунёдӣ минбаъд низ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва захираи зеҳнии дохил ва хориҷи мамлакат ба роҳ хоҳад монд.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

ПОЙГОҲИ ДОДАҲОИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2024.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org