Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати довталабони дараҷаҳо ва унвонҳои илмӣ мерасонад, ки бо мақсади иҷрои талаботи Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ, Тартиби додани унвонҳои илмӣ (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, № 267) ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа натиҷаҳои асосӣ ва муҳтавои илмии таҳқиқот бояд дар маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи ватанӣ ё хориҷӣ чоп шуда бошад.
Маҷаллаҳои тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Феҳристи маҷаллаҳои (нашрияҳои) илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Раёсати Комиссия аз 27 апрели 2017, №1/2), ҳамчунин маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи хориҷӣ ва махзанҳои байналмилалии маълумоти реферативӣ ва низомҳои иқтибосоварӣ (Scopus, Web of Science, Astrophysics Data System, PubMed, MathSciNet, zbMATH, Chemical, Abstracts, Springer, Agris, GeoRef ва ғайра) ба шумор мераванд.
Барои пешгирии нофаҳмиҳо ва гирифтани маълумоти зарурӣ ба довталабон тавсия дода мешавад, ки аз сомонаи Комиссия (бахши “Маҷаллаҳои тақризшаванда”) истифода баранд.
Ёдовар мешавем, ки аз тарафи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия танҳо 1 маҷаллаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ – “Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ. Илмҳои забоншиносӣ, адабиётшиносӣ ва таърих” (ISSN 2219-5408) ҳамчун маҷаллаи тақризшаванда эътироф гардида, дар сомонаи Комиссия таҳти рақами 36 маҳз ҳамин маҷалла номнавис шудааст. Се силсилаи дигар – Илмҳои фалсафа (ISSN 2710-4672); Илмҳои табиӣ-риёзӣ (ISSN 2707-9996) ва Бахши илмҳои педагогӣ ва психологӣ (ISSN 2708-5759) ба Феҳристи маҷаллаҳои (нашрияҳои) илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон феълан шомил нестанд.