Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз 15 апрели соли ҷорӣ низоми санҷиши асолати матни диссертатсияҳои бо забони тоҷикӣ таълифшуда фаъол гардида, тибқи Дастурамал оид ба санҷиши дараҷаи асолати матни диссертатсия ва автореферати диссертатсия аз рӯйи барномаи компютерии «Антиплагиат» (қарори Раёсати Комиссия назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2021, №4) ба роҳ монда шуд.
Бояд зикр намуд, ки айни ҳол дар Комиссия модули “Тарҷумон” барои тарҷумаи мавод ба забони тоҷикӣ ва муқоисаи он бо диссертатсияҳои санҷидашаванда ба роҳ монда шудааст.
Бо мақсади объективона муайян намудани асолати корҳои илмию таҳқиқотӣ аз санаи 13 майи соли 2024 диссертатсияҳои бо забони тоҷикӣ таълифшудае, ки ба Комиссия ворид мегарданд, бо истифода аз модули мазкур санҷида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки мутобиқи талаботи бандҳои 37 ва 104 Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №267), асолати диссертатсия аз рӯйи барномаи компютерии "Антиплагиат" бояд аз 75 дарсад (барои илмҳои физикаю математика ва химия – 70 дарсад) ва автореферати диссертатсия аз 80 дарсад (барои илмҳои табиӣ-математика ва техникӣ – 75 дарсад) кам набошад.
Диссертатсияҳое, ки ба талаботи зикргардида ҷавобгӯ нестанд, дар асоси хулосаи эксперти холис ба ҳимояи такрорӣ баргардонида мешаванд. Ҳимояи такрории онҳо пас аз 1 соли қабули фармоиш ба роҳ монда мешавад (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.06.2023, №295).
Комиссия бори дигар ба диққати довталабони дараҷаҳо ва унвонҳои илмӣ мерасонад, ки ҷиҳати иҷрои талаботи Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ, Тартиби додани унвонҳои илмӣ (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, № 267) ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа натиҷаҳои асосӣ ва муҳтавои илмии таҳқиқот бояд дар маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи ватанӣ ё хориҷӣ чоп шуда бошад.
Аз ин лиҳоз, тавсия дода мешавад, ки ҳангоми интихоби мавзуъ, таҳияи диссертатсия ва автореферати он талаботи ҷорӣ ва этикаи илмӣ риоя карда шавад.