Previous Next

Семинари навбатии муфид барои кормандони Комиссия

     Бо мақсади амалӣ намудани Нақшаи кории Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2024 ва иҷрои протоколи маҷлиси назоратии назди раиси Комиссия аз ҷониби мудири шуъбаи тиббӣ, фарматсевтӣ, биологӣ, бойторӣ ва аграрии Комиссия, доктори илмҳои кишоварзӣ Бозоров Шарифҷон Эмомалиевич дар маҷлисгоҳи муассиса барои кормандони Комиссия семинар-машварати навбатии омӯзишӣ дар мавзуи “Баррасии парвандаҳои аттестатсионӣ ҷиҳати  додани дараҷаҳои илмӣ” тариқи рӯнамо (презентатсия) баргузор гардид.

    Дар кори семинар-машварат ҳамаи кормандони Комиссия иштирок намуда, оид ба сатҳу сифати диссертатсияҳо, масъалаҳои тартиби барасмиятдарории диссертатсия ва авторефератҳо ва парвандаҳои аттестатсионӣ маълумоти муфассал дода шуда, баррасии камбудиҳои ҷойдошта, пешниҳод ва вазифагузориҳо сурат гирифтанд.

     Аз ҷониби Бозоров Ш.Э. бо такя ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ маълумоти зарурӣ пешниҳод гардида, иштирокчиён ба саволҳои худ посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

     Муовини раиси Комиссия Шарифзода М.М. иброз дошт, ки ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришзои иёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ роҳбарият ва ҳамаи кормандони Комиссия минбаъд низ тамоми дониш ва кӯшишу ғайрати худро бояд равона созанд.

     Доир шудани чунин семинар-машваратҳои омӯзишӣ ва таҳлилӣ барои кормандони шуъбаҳои аттестатсионӣ ба сифати роҳнамо хизмат намуда, мунтазам доир гардидани онҳо аз ҷониби Комиссия барои раисон ва котибони илмии шуроҳои диссертатсионӣ дар манотиқи гуногуни мамлакат ба ҳукми анъана даромадааст.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

ПОЙГОҲИ ДОДАҲОИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2024.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org