Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии идона доир гардид.
Дар оғози чорабинӣ раиси Комиссия, доктори илмҳои биологӣ, профессор Сайфиддин Давлатзода ҳозиринро ба ин санаи фархунда шодбош гуфта, таъкид намуд, ки ба ниёзҳои муосири ҷавонон мутобиқ шудани сиёсати Ҳуқумати мамлакат раванди мудовим мебошад ва бевосита аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Пажуҳишҳое, ки нисбат ба ҳаёти ҷавонон дар кишвар дар партави тасмимҳои Ҳукумати кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ сурат гирифтаанд, нишон медиҳанд, ки давлат ба сифати дастгоҳи идоракунанда талош дорад вобаста ба талаботҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию маънавии насли ҷавон ташаббусҳои марбутаро амалӣ созад. Дар шароити муосир зарур аст, ки дар меҳвари кулли ташаббусу тасмимҳои сиёсати давлатии ҷавонон манфиатҳои миллӣ ҳифз карда шаванд.
Иброз гардид, ки дар низоми аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ ҷавонон нақши барҷаста дошта, дар ин самт собитқадамона пеш мераванд. Ба таъкиди раиси Комиссия, ҷавонон аз муҳимтарин қишрҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ эътироф мешаванд. Онҳо дар ҷараёни тақсимоти иҷтимоӣ-сиёсӣ бевосита иштирок карда, ба ин раванд муттасил ҷалб мегарданд. Аз ин рӯ, имконияту тавоноии ҷавонон дар тақсимоти иҷтимоӣ-сиёсии минбаъдаи ҷамъиятӣ нақши асосӣ иҷро карда метавонад.
Дар идомаи суханронии худ С.Давлатзода оид ба муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷавонони мамлакат, дарёфти роҳҳои ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби ҳарчи бештари ҷавонони соҳибистеъдод ба таҳқиқот дар самти илмҳои табиӣ-риёзӣ ва техникӣ, ҷалби муҳаққиқони ҷавон ва ҳамкориҳои судманд бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва пажӯҳишгоҳҳои зерсохтори он ва роҳу воситаҳои пешгирии гаравиши онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ибрози андеша намуд.
Дар мавзуи “Асосҳои иҷтимоӣ-ҳуқуқии ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” сармутахассиси Комиссия, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ҳамидиён И.И. маърӯзаи илмӣ намуда, ба саволҳои иштирокчиён оид ба роҳи тайнамудаи сохтори давлатӣ – Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зерсохторҳои он ва ташкилотҳои ҷумҳуриявии кор бо ҷавонон посух дод.
Се нафар кормандони ҷавон ва фаъоли Комиссия барои фаъолияти пурсамар ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои илмӣ ва фарҳангӣ бо Сипоснома қадршиносӣ гардиданд.
Ҳамчунин, дар ин рӯз мусобиқаи тенниси рӯйи миз байни кормандони Комиссия барои дарёфти Ҷоми Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷамъбаст гардид, ки дар он Тулаев И.А., мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ, молиявӣ ва ҳуқуқ – ғолиби ҷойи аввал, Ҳамидиён И.И., сармутахассиси шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ – ҷойи дуюм ва Азизов Ф., мутахассиси шуъбаи ташкилӣ, молиявӣ ва ҳуқуқ сазовори ҷойи сеюм дониста шуданд. Ба ҳамаи иштирокчиёни мусобиқа низ сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Бояд иброз намуд, ки сиёсати давлатии ҷавонон самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб гардида, яке аз механизмҳои амалигардонии ҳаёту фаъолияти ҷавононро ба сифати қишри фаъоли ҷомеа фаро мегирад.