Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, №643), таъмини шаффофияти фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ, ҳимояи диссертатсияҳо тариқи ошкоро, бо мубоҳисаи илмӣ, серталабӣ, воқеъбинӣ, масъулиятшиносӣ ва риояи меъёрҳои ахлоқӣ тасмим гирифтааст, ки ҷараёни ҳимояи диссертатсияҳоро тариқи маҷозӣ ба роҳ монад.
Иқдоми мазкур аллакай дар якчанд шуроҳои диссертатсионӣ истифода гардида, давраи озмоиширо бомуваффақият гузаштааст.
Дар асоси таҳлили платформаҳо барои баргузории видеоконфронсҳо, таҷриба нишон дод, ки ҷиҳати ба роҳ мондани ин кор истифода гардидани платформаи Zoom бештар мусоид мебошад (ҳадди ақали талаботи техникӣ барои платформаи Zoom замима мегардад).
Аз ин лиҳоз, аз роҳбарони муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии кишвар хоҳиш карда мешавад, ки барои баргузории маҷозии ҷаласаи шурои диссертатсионии назди муассиса чораҷӯӣ намуда, иттилоияи пайвастшавӣ ба ҳимояи диссертатсияҳои тариқи маҷозиро на дертар аз як рӯз пеш аз ҳимоя ба суроғаи электронии Diese E-Mail-Adresse ist vor Spambots geschützt! Zur Anzeige muss JavaScript eingeschaltet sein! ирсол намоянд.
Ҳамзамон, таъйини шахси масъули муассиса ва таъмини муътадилии нерӯи барқ ва интернет дар ҷараёни ҳимояи маҷозӣ ба мақсад мувофиқ шуморида мешавад.
Ҳадди ақалли талаботи техникии платформаи Zoom дар компютер / ноутбукҳо аз ин қарор аст:
- Zoom бояд дорои иҷозатнома (лицензия)-и истифодабарӣ бошад;
- Системаи амалиётӣ: Windows ва ё MacOS;
- Протсессор: 2 ГҲс;
- Хотираи фаврӣ: 4 ГБ;
- Диски сахт: 1 ГБ ҳаҷми холӣ ва зиёда аз он;
- Гунаи системаҳои амалиётӣ: Windows 7, 8, 8.1, 10, 11 / macOS 10.9 ва ё болотар аз он;
- Интернет: суръати пайвастшавӣ 1 Мбит/с ва зиёда аз он;
Таҷҳизоти иловагӣ
- Истифодаи баландгӯякҳо барои беҳтар сабт намудани овоз;
- Веб-камераҳои пешбинишуда барои видеоконфронс.