Previous Next

Ҳамкориҳои байналхалқии КОА густариш меёбанд

     Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар барои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, тақвият бахшидани иртиботи ҳасана ва беҳтар намудани самти аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ заминаи амалӣ фароҳам меорад.

     Бо ин мақсад, дирӯз мулоқоти раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин Хайриддин ва раиси Кумита оид ба таъмини сифат дар соҳаи илм ва таҳсилоти олии Вазорати илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Қазоқистон Тойбаев Адлет Жунисович тариқи маҷозӣ (онлайн) сурат гирифт.

     Дар оғози мулоқот раиси Комиссия Давлатзода С.Х. роҳандозӣ гардидани иқдоми мазкурро густариш бахшидани ҳамкориҳои байналхалқӣ ва нерӯи тоза гирифтани фаъолият дар самти аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ унвон намуд.

     Иттилоъ дода шуд, ки Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи замони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ буда, бо ибтикор ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои илми кишвар даҳ сол муқаддам - соли 2014 арзи ҳастӣ намуд.

     Баъд аз барқароршавии сулҳу субот дар кишвар масъалаи таъсиси Комиссия дар расонаҳо матраҳ гардида бошад ҳам, бо овардани сабабу далелҳои гуногун ба мухолифати баъзе доираҳои академӣ дучор мешуд. Бинобар ин, таъсиси ниҳоди мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъхир афтод. Довталабон барои дарёфти диплому шаҳодатномаҳои дараҷаҳо ва унвонҳои илмӣ бо сарфу харҷи зиёд маҷбур мешуданд, ки ба кишварҳои хориҷӣ муроҷиат ва мусофират намоянд.

     Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12 августи соли 2014, №255 ба имзо расид ва баъди бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2015, №377 таъйин шудани роҳбари муассиса Низомнома ва сохтори Комиссия тасдиқ гардида, он ба фаъолият шуруъ намуд.

     Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2016, № 505 “Дар бораи тасдиқи Низомномаи шурои диссертатсионӣ, Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва унвони илмӣ (дотсент, профессор) ва Тартиби бақайдгирии давлатии рисолаҳои илмии ҳимояшуда” баъд аз такмилу иловаҳо ба тасвиб расид, ки он асоси ҳуқуқии фаъолияти Комиссияро дар самти аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ муқаррар намуда, намунаҳои давлатии дипломҳои доктори фалсафа (РhD)-доктор аз рӯйи ихтисос, номзади илм, доктори илм ва шаҳодатномаҳои дотсент ва профессорро муқаррар кард.

     Фаъолияти амалии Комиссия дар самти аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ аз соли 2016 оғоз гардида, нахустин диссертатсияҳо ва парвандаҳои аттестатсионӣ аз шуроҳои диссертатсионии назди муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти дараҷаҳои илмӣ ва бастаи ҳуҷҷатҳо аз шуроҳои олимон (илмӣ)-и муассисаҳои мазкур барои дарёфти унвонҳои илмӣ, нострификатсияи (баробарарзишӣ)-и дипломҳои дараҷаҳои илмии дар хориҷи кишвар дарёфтгардида ва азнаваттестатсиякунонии дипломҳои дараҷаҳои илмие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он кишварҳо шартномаҳо оид ба эътирофи мутақобилаи дипломҳои дараҷаҳои илмиро надорад, аз соли 2017 ворид мешуданд.

     Ба таъкиди С.Давлатзода, дастгирии таҳқиқоти илмӣ, тавсеаи ҳамкорӣ бо марказҳои илмӣ, лабораторияҳои муосир ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

     Тибқи Низомнома, Комиссия муассисаи ҷумҳуриявии аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ – техникии тахассуси олӣ буда, бо мақсади татбиқи низоми миллии аттестатсияи давлатии кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ, инчунин эътирофи баробарарзиши (нострификатсия)-и ҳуҷҷатҳои дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст овардаанд, таъсис дода шудааст.

     Фаъолияти Комиссия дар самти аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ дар доираи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда амалӣ мегардад.

     Ҷонибҳо ба тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самтҳои табодули таҷрибаи пешқадам дар соҳаи аттестатсияи кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва илмию техникӣ, ҷалби олимон ва муассисаҳои илмии Қазоқистон ва Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешбар, муқарризони расмӣ ва экспертони холис, ворид намудани маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи кишварҳо ба феҳристи маҷаллаҳои тақризшавандаи кишвари дигар ва дигар масоили ҷории соҳавӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

     Баррасии лоиҳаи созишномаи ҳамкорӣ миёни Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумита оид ба таъмини сифат дар соҳаи илм ва таҳсилоти олии Вазорати илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Қазоқистонро падидаи неки илмӣ донистан мумкин аст.

     Дар мулоқоти маҷозӣ ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муҳокима гардиданд. Аз ҷумла, ташхиси муштараки диссертатсияҳо бо ҷалби олимон – экспертҳо аз кишварҳои ҳамдигар, истифода гардидани пойгоҳҳои санҷиши асолати матни диссертатсияҳо тавассути барномаи “Антиплагиат”, ташкили мизҳои мудаввар барои кормандони илмию техникии шуроҳои диссертатсионӣ ва шуроҳои экспертӣ аз масъалаҳои муҳим маънидод гардиданд.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

ПОЙГОҲИ ДОДАҲОИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2024.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org