Previous Next

Иштироки фаъолонаи кормандони Комиссия дар “Рӯзи варзиш”

Варзиш қосиди сулҳ буда, рукни тарбияи ҷисмонӣ ва соҳаи фаъолияти иҷтимоие мебошад, ки дар шакли таҷрибаи махсуси тайёрии инсон ба мусобиқаҳо ва фаъолияти мусобиқавӣ бо мақсади ба даст овардани натиҷаҳои варзишӣ ташаккул ёфтааст. Варзиши оммавӣ қисми варзише дониста мешавад, ки ба тарбияи ҷисмонӣ, солимгардонӣ ва ташаккули ҷисмонии шаҳрвандон, инчунин, иштироки онҳо дар чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва оммавии варзишӣ равона гардидааст.

Бо мақсади иҷро намудани супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини оммавияти варзиш ва таҳкими солимии миллат, ки зимни мулоқот бо намояндагони ҷавонони ҷумҳури 23 майи соли 2013 баён гардидааст, ҳар рӯзи шанбе дар қаламрави ҷумҳурӣ “Рӯзи варзиш” эълон гардида, тамоми қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла нерӯи илмии мамлакат ба ин маъракаи оммавӣ ҷалб карда шаванд.

Дар доираи дастури муовини Сарвазири мамлакат аз 21 майи соли 2024, №18096 (26.5) рӯзи шанбе роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар чорабинии оммавӣ-варзишӣ, солимгардонӣ, машқҳои пагоҳирӯзӣ ва терренкур – роҳгардии саломатӣ таҳти унвони “Миллати ҷисман солим - руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир аст” дар боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ба номи “Устод Рӯдакӣ” фаъолона иштирок намуданд.

Боиси тазаккур аст, ки роҳбарияти Комиссия пайваста барои рушди варзиш ва солимгардонии коллективи меҳнатӣ диққати махсус зоҳир менамояд. Аз ҷумла, чанде пеш бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мусобиқаи тенниси рӯйи миз байни кормандони Комиссия барои дарёфти Ҷоми Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст ва ғолибон бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Роҳбарият ва кормандони Комиссия минбаъд низ бо мақсади ташаккули тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш дар рӯзҳои истироҳатӣ ташкил намудани машқҳои пагоҳирӯзиро идома медиҳанд.

 

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

ПОЙГОҲИ ДОДАҲОИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2024.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org