Previous Next

Маҷлиси умумии Иттифоқи касабаи кормандони Комиссия доир гардид

     Санаи 31 май бо иштироки Қурбон Раҳимзода, сардори раёсати кор бо кадрҳо, ташкилӣ ва коргузории Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии Иттифоқи касабаи кормандони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 6 масъала баргузор гардид.

     Раиси Комиссия Сайфиддин Давлатзода дар оғози ҷаласа иброз намуд, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба», иттифоқи касаба – ташкилоти ҷамъиятии ихтиёрие буда, шаҳрвандонро аз лиҳози манфиатҳои умумӣ дар соҳаҳои фаъолияти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои аъзоёнаш муттаҳид менамояд. Аз ҷумла, дар Комиссия низ ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба фаъолият менамояд, ки он ба ҳайси иттиҳодияи ихтиёрии дар асоси оиннома ва ё низомномаи иттифоқи касаба амалкунандаи аъзои иттифоқи касаба дониста мешавад.

     Сипас, оид ба фаъолияти Иттифоқи касабаи кормандони Комиссия Ҳайдар Гулаҳмадов, раиси Иттифоқи касабаи кормандони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот дод. Аз рӯйи ин масъала аъзои иттифоқ Р.Маъруфӣ ва Ш.Бозоров ба музокира баромада, ҳисоботро мусбат арзёбӣ намуданд.

     Дар маҷлис масъалаҳои интихоби ҳайати нави Иттифоқи касабаи кормандони Комиссия, қатъ намудани ваколатҳои раиси Иттифоқи касабаи кормандони Комиссия, интихоби раиси ташкилоти ибтидоии Иттифоқи касабаи кормандони Комиссия ва интихоби ҳайати комиссияҳои назоратию тафтишотӣ баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

     Коллективи меҳнатӣ ба кори пурсамари ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи Комиссия ба ҳолати имрӯз баҳои сазовор дода, изҳори эътимод намуданд, ки ҳайати нав фаъолияти пурсамарро бомаром идома медиҳад.

     Ҳамин тариқ, корманди Комиссия Салоҳиддини Сафарзод бо гирифтани аксарияти овозҳои иштирокчиёни маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии Иттифоқи касабаи кормандони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

     Дар ҷамъбасти маҷлис Қурбон Раҳимзода, сардори раёсати кор бо кадрҳо, ташкилӣ ва коргузории Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти пурсамари ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба ва тақвият бахшидани кори он машваратҳои муфид дод.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

ПОЙГОҲИ ДОДАҲОИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2024.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org