Оид ба қабули имтиҳонҳои минимуми номзадӣ

Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи роҳбарони муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии мамлакат мерасонад, ки тибқи таҳлили парвандаҳои аттестатсионӣ оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илм, аз ҷониби масъулин дар мавриди қабули имтиҳонҳои минимуми номзадӣ дар аксар маврид талаботи Низомномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2008 № 308) сарфи назар гардида, имтиҳонҳои минимуми номзадӣ бе иштироки шумораи зарурии мутахассисон, аз ҷумла бе ҳузури доктори илм гузаронида мешавад.

Ҳолати мазкур низоми аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмию техникии тахассуси олиро халалдор намуда, боиси қабул гардидани қарори манфӣ дар фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ мегардад.

Аз ин рӯ, аз роҳбарони муассисаҳо ва масъулини шуроҳои диссертатсионӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки ҳолати мазкурро зери назорати қатъӣ қарор дода, риояи талаботи санади мазкурро таъмин намоянд.

Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки дар ҳайати комиссияи қабули имтиҳони минимуми номзадӣ иштироки ихтисосмандони самти дахлдори илм мувофиқи мақсад дониста мешавад.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

ПОЙГОҲИ ДОДАҲОИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2024.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org