Дар доираи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар машварати кории раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин Хайриддин бо кормандони муассиса баргузор гардид, ки зимни он Нақшаи чорабиниҳои Комиссия ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат аз мулоқот бо намояндагони илм ва маориф иборат аз 25 банд тасдиқ гардид.
Нақшаи мазкурро раиси Комиссия Давлатзода С.Х. дар ҷаласаи корӣ бо иштироки ҳамаи кормандон муаррифӣ намуда, иҷрои саривақтӣ ва дурусти бандҳои онро тақозо намуд.
Ташкили гуруҳҳои корӣ ва баргузории семинари дастурдиҳӣ бо масъулини соҳаи илми муассисаҳои илмӣ ва муасисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, баромади кормандони Комиссия дар барномаҳои телевизионӣ, радиоӣ, рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва сомонаҳо, таҳлили вазъи омодагии унвонҷӯён ва аспирантону докторантҳо дар муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии кишвар ва таҳияи дурнамои омодасозӣ, баррасии фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ ва бозбинӣ намудани ҳайати онҳо вобаста ба ҷорӣ намудани ҳимояи ихтисосҳои нодир, бозбинии ҳайати шуроҳои экспертӣ ва ҷалби экпертҳои хориҷи дуру наздик ва ташкили назорати онлайни раванди ҳимояи рисолаҳои илмӣ бо истифода аз воситаҳои техникии муосир бо мақсади пешгирии сенарияҳои пешакӣ ва сохтакориҳои баргузорӣ дар шуроҳои диссертатсионӣ аз ҷумлаи чорабиниҳои муассири нақшаи мазкур маҳсуб меёбад.
Таҳия намудани феҳристи муассисаҳои пешбар ва олимону коршиносони варзида вобаста ба самтҳои мушаххаси илмӣ ба ҳайси муқарризони расмӣ, таҳлили рисолаҳои аз ҷониби шабакаи “Диссернет” радшуда ва пешниҳоди хулосаи мушаххас оид ба онҳо, бартарият додан ба ҳимояҳо дар мавзуъҳои таҳқиқотии самту равияҳои авлавиятдоштаи ба иҷрои ҳадафҳои стратегии кишвар равонашуда ва бо забонҳои хориҷӣ таълифгардида, тарғиби корҳои илмӣ-таҳқиқотии ба ташаккули “энергияи сабз”, “иқтисоди сабз”, “иқтисоди рақамӣ”, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва зеҳни сунъии мусоидаткунанда аз ҷумлаи афзалиятҳои нақшаи номбурда маҳсуб меёбад.
Ба таъкиди С.Давлатзода, омӯзиш ва воридсозии маҷаллаҳои илмии муассисаҳои хориҷи кишвар ба феҳристи маҷаллаҳои тақризшавандаи Комиссия, ворид кардани маҷаллаи илмӣ-байналмилалии “Фурӯғи илм”-и Комиссия ба шохисҳои байналмилалӣ, чораандешӣ ҷиҳати таъсиси шурои диссертатсионӣ дар самти илмҳои вирусология, иммунология ва генетикаи тиббӣ, мантиқ ва методологияи илм, сотсиология, иҷтимоъшиносӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таърих, назарияи забоншиносӣ, демография, ҷуғрофия ва экология аз чумлаи самтҳои фаъолияти Комиссия маҳсуб меёбанд.
Пешниҳоди тағйиру иловаҳои дахлдор ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ҷиҳати тақвияти низоми аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмию техникии тахассуси олӣ, мукаммалсозии пойгоҳи додаҳо, бозбинии ҳайат ва сохтори Комиссия ва феҳристи ихтисосҳо аз ҷумлаи чорабиниҳои муҳим арзёбӣ карда шуд.
Бояд иброз намуд, ки мулоқоти Пешвои муаззами миллат бо аҳли илм ва маорифи кишвар барои беҳтар намудани самти аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ заминаи амалӣ фароҳам меорад.