Бо мақсади иҷрои банди 4 Нақшаи чорабиниҳои Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар баён гардид, кормандони муассиса Ҳамидиён И.И., Назармамадова Н.И. ва Шомуродова З.М. дар барномаи “Ҳадаф”-и радиои “Садои Душанбе” иштирок ва баромад намуданд.
Дар барнома таассуроти кормандони Комиссия аз мулоқоти Пешвои муаззами миллат бо намояндагони илм ва маорифи кишвар, масъалаҳои муҳимми низоми аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ, ислоҳи вазъ ва пешгирии амалҳои номатлуби илмӣ, чопи мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшаванда, махзанҳои байналмилалии маълумоти реферативӣ ва низомҳои иқтибосоварӣ, истифодаи натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотӣ дар истеҳсолот ва ғайра баррасӣ карда шуд.
Бояд иброз намуд, ки мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар ва дастуру ҳидоятҳояшон барои пешбурд ва тақвият бахшидани фаъолияти низоми аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ дастури рӯйимизӣ маҳсуб ёфта, ҳамаи кормандони Комиссия онро ба роҳбарӣ мегиранд.
Иттилоъ дода шуд, ки Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» зодаи даврони Истиқлоли кишвар буда, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 2014, №255 дар фазои илмии кишвар таъсис дода шудааст. Соли ҷорӣ Комиссия 10-сола мешавад. Дар ин ҳошия доир гардидани чорабиниҳои гуногуни илмӣ ба нақша гирифта шудааст.
Иброз гардид, ки дастгирии таҳқиқоти илмӣ, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар меҳвари асосии таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Фаъолияти Комиссия низ дар доираи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда амалӣ мегардад.
Мавриди тазаккур аст, ки ҳамкории Комиссия бо васоити ахбори омма самаранок ба роҳ монда шуда, чанде пеш раиси муассиса Давлатзода Сайфиддин Хайриддин дар барномаи махсуси “Муошират”-и радиои “Садои Душанбе”, роҳбарият ва кормадони муассиса Шарифзода М.М., Маъруфӣ Р.Н., Вализода Ҳ.С., Бозоров Ш.Э. ва Каримова М. тариқи телевизиони “Тоҷикистон” ва радиои “Тоҷикистон” оид ба таассуроташон аз мулоқоти Пешвои муаззами миллат бо аҳли илм ва маориф ва муҳимтарин масъалаҳои низоми аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ баромад намуданд.