Previous Next

Ҷаласаи кории Комиссия дар вилояти Суғд

Бо мақсади иҷрои саривақти дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар баён намуданд, бо иштироки ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат дар вилояти Суғд, муовинони ректор оид ба илм ва инноватсия, котибони шурои олимон, мудирони шуъбаҳои омодакунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ, мудирони кафедраҳои тахассусии марбут ба ихтисосҳои шурои диссертатсионӣ, раис ва аъзои шурои диссертатсионӣ санаи 18 июн дар толори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷаласаи корӣ доир гардид.

Дар ҷаласа раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, муовини раиси Комиссия, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарифзода Мумин Машокир ва мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятӣ- гуманитарии Комиссия, номзади илмҳои филологӣ Вализода Ҳокимхон Сафол иштирок намуданд.

Иброз гардид, ки мулоқоти Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маориф ва илми кишвар барои беҳтар намудани самти аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Тавре дар мулоқот гуфта шуд, Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст. Ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ кам ҷалб гардидани ҷавонони лаёқатманду забондон, рушд накардани мактабҳои илмии олимони собиқадор ва ҳавасмандии нокифояи аспирантҳову докторантҳо, хусусан, дар самти илмҳои табиӣ ва риёзӣ аз ҷумлаи мушкилоти асосии омода кардани кадрҳои илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ мебошад.

Таъкид гардид, ки ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат мо – аҳли зиё ва илму маорифи кишвар бояд беш аз пеш фаъолият намуда, ҷиҳати татбиқи амалии натиҷаҳои таҳқиқ ва рушди устувори ҷомеа талош варзем.

Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои муҳимми низоми аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ, тартиби барасмиятдарории диссертатсия, автореферати диссертатсия ва парвандаҳои аттестатсионӣ баррасӣ гардиданд.

Зимни баромад роҳбарияти Комиссия ҷиҳати ислоҳи камбудиву норасоиҳое, ки дар фаъолияти муассисаҳои илмӣ, таҳсилоти олии касбӣ ва шуроҳои диссертатсионӣ мавҷуданд, машваратҳои мушаххас доданд.

Ҳамчунин, дар ин рӯз бо ибтикори Комиссия ба омӯзгороне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят ба корҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва илмиву таҳқиқотӣ машғул гардида, диссертатсияҳои номзадиву докториашонро ҳимоя намудаанд, дар вазъияти тантанавӣ ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ – дипломҳои дараҷа ва шаҳодатномаҳои унвони илмӣ супорида шуд. Тақдими шаҳодатномаҳои унвонҳои илмӣ ба муносибати ҷашну санаҳои фархунда ба ҳукми анъана даромада, нишонаи эҳтирому арҷгузорӣ ба омӯзгорон ва расидан ба хизмату заҳмати олимону муҳаққиқон маънидод мегардад.

Дар ҷамъбасти ҷаласаи корӣ Матлубаи Мирзоюнус – доктори илмҳои филология, профессор, Сабурӣ Хайрулло Мирзозода – доктори илмҳои педагогика, профессор, Раҷабов Боҳирҷон Мукаммилович – мудири шуъбаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан – доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсент, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Шарифзода Мумин Машокир – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иқдоми хуби роҳбарияти Комиссия истиқбол намуда, ба Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҳамешагии омӯзгорону олимон изҳори сипос карданд.

Таъкид шуд, ки ҷиҳати муаррифии илми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҳамаи олимони вилояти Суғд кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

ПОЙГОҲИ ДОДАҲОИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2024.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org