Previous Next

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «ҲИКМАТ»

     Дар толори Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳикмат» доир гардид, ки дар кори он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдулло Қурбонзода иштирок ва баромад намуд.

     Раиси ташкилоти ибтидоӣ Давлатзода С.Х. дар оғози суханронии худ қайд намуд, ки дар асоси талаботи Оинномаи ҲХДТ ва барқияи электронии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз 04 июни соли 2023, №3 имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳикмат” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид. Дар маҷлис 23 нафар аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ иштирок намуданд.

     Рӯзномаи маҷлис аз 5 масъала иборат буд:

  1. Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи ҳисоботӣ ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда;
  2. Интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ;
  3. Интихоби муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ;
  4. Интихоби вакил ба конфронси 33-юми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ
  5. Масъалаҳои ташкилӣ.

     Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдулло Қурбонзода барои ҳисобот суханро ба раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Давлатзода Сайфиддин Хайриддин дод.

     Раиси ташкилот Давлатзода С.Х. дар баромади худ қайд намуд, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии Муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” - “Ҳикмат” дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ фаъолияти худро баҳри ҳадафмандона таблиғ намудани мақсаду мароми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришхои мақомоти болоии ҳизб, нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроия дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва нақшаи кории ташкилоти ибтидоӣ бо роҳи расонидани иттилооти мукаммалу саривақтӣ ба аъзо, масъулин ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоӣ амалӣ менамояд.

     Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун зодаи даврони истиқлолият бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифодаи волотарин умеду ормонҳои мардуми шарифи Тоҷикистон таъсис ёфта, маҳз бо рисолати мардумсолорӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва тарғиби ғояҳои бузурги ватандӯстиву худшиносӣ дар ҷомеа мавқеи худро соҳиб шуд. 

     Иттилоъ дода шуд, агар то ибтидои соли 2023 аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз 11 нафар иборат бошад, имрӯз аз ҳайати 25 нафар кормандони асосии Комиссия 23 нафар аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошанд, ки 92 фоизро ташкил медиҳад.

     Ташкилоти ибтидоӣ соли 2024 ба 45 рӯзномаву маҷаллаҳои сиёсӣ обуна мебошад. Аз ҷумла, 15 нусха ба нашрияи марказии ҳизб “Минбари халқ” ва 15 нусха ба нашрияи шаҳрии ҳизб “Мароми пойтахт”.

     Дар назди ташкилот гуруҳи таблиғотӣ аз хисоби олимони лаёқатманд таъсис ёфтааст, ки ҳамчун нерӯи таблиғотӣ истифода мешавад.

     Тибқи супоришу ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тайёр намудани мутахассисони баландпоя аз ибтидои фаъолияти Комиссия то имрӯз аз шуроҳои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаҳои илмӣ 2602 парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсия ворид шудааст.

     Аз ин теъдод 209 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм, 2172 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва 221 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос мебошад.

     Аз шумораи умумии парвандаҳои аттестатсионӣ ва диссертатсияҳои воридшуда 2116 диссертатсия тасдиқ шудааст, ки аз он 184 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм, 1763 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва 169 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос мебошад.

     Дар маҷмуъ, то имрӯз 250 қарорҳои ШД доир ба додани дараҷаи илмӣ бинобар ҷавобгӯ набудан ба талаботи муқарраршуда бекор карда шудааст.

     Аз ҷониби занҳо аз соли 2017 то инҷониб 772 диссертатсия, аз ҷумла 29 диссертатсияи докторӣ, 680 диссертатсияи номзадӣ ва 63 диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос ҳимоя гардидааст, ки қисми зиёди онҳо тасдиқи худро ёфтаанд.

     56 нафар шаҳрванди хориҷӣ дар шуроҳои миллии диссертатсионӣ ҳимоя карда, соҳиби дараҷаҳои илмӣ гардиданд.

     Имрӯз дар ҷумҳурӣ 5925 нафар кормандони илмӣ ва илмию техникӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки омори нисбатан дақиқ ҳамин аст.

     Бо мақсади иҷрои банди 4 Нақшаи чорабиниҳои Комиссияи олии аттетсттсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар баён гардид, кормандони муассиса Ҳамидиён И.И., Назармамадова Н.И. ва Шомуродова З.М. дар барномаи “Ҳадаф”-и радиои “Садои Душанбе” иштирок ва баромад намуданд. Мавриди тазаккур аст, ки ҳамкории Комиссия бо васоити ахбори омма самаранок ба роҳ монда шуда, чанде пеш раиси муассиса Давлатзода Сайфиддин Хайриддин дар барномаи махсуси “Муошират”-и радиои “Садои Душанбе”, роҳбарият ва кормадони муассиса Шарифзода М.М., Маъруфӣ Р.Н., Вализода Ҳ.С., Бозоров Ш.Э. ва Каримова М. тариқи телевизиони “Тоҷикистон” ва радиои “Тоҷикистон” оид ба таассуроташон аз мулоқоти Пешвои муаззами миллат бо аҳли илм ва маориф ва муҳимтарин масъалаҳои низоми аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ баромад намуданд.

     То имрӯз дар доираи талаботи оинномавӣ 3 ҷаласаи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ доир гардида, масъалаҳои муҳим баррасӣ шуданд.

     Дар ҳошияи дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, ятимону маъюбон ва татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб аз тарафи ташкилоти ибтидоии “Ҳикмат” мунтазам ба Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии саломатии равонии кӯдакон ва наврасон” кӯмаки моддӣ расонида мешавад.

     Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳикмат” барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии ҳизб ва сохторҳои болоии он баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҳизб дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, шаҳри Душанбе ва дар маҷмуъ ҷумҳурӣ кӯшиш ба харч медиҳад.

     Дар музокира Шарифзода М.М., узви ҳизб, муовини раиси Комиссия, доктори илмҳои иқтисодӣ баромад намуда, қайд кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун зодаи даврони Истиқлол бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст. Номбурда оид ба дигар муваффақиятҳоиӣ ҳизб сухан намуда, фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбиро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ намуд.

     Муродзода А.А. - узви ҳизб, сармутахассиси Комиссия, номзади илмҳои таърих зимни музокираи масъала иброз намуд, ки фаъолияти ташкилот дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш аст. Гуфта шуд, ки ҳанӯз дар рӯзҳои нахустини таъсисёбии ҲХДТ роҳбари муаззами он, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: “Мақсади асосӣ аз созмон додани ин ҳизб муттаҳид кардани нерӯи созанда ва қишри солимфикри ҷомеа аст, ки ба хотири барпо кардани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ҷомеаи аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ пешрафта ва шароити арзандаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ, талош варзад”.

     Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдулло Қурбонзода зимни баромади худ таъкид дошт, ки ҳизби мо ба ҳайси нерӯи пешбарандаи ҷомеа аз ҷумлаи ниҳодҳои сиёсиест, ки беш аз ним миллион аъзо ва  ҷонибдорони зиёд дошта дар ҳалли масъалаҳои ҳамарӯзаи ҳаёти мардум фаъол ва саҳми он барои расидан ба ҳадафҳои рушди миллӣ басо бузург аст.  Ҳизб дорои имкониятҳои васеи зеҳнӣ, амалӣ ва идоракунӣ буда,  ҳамчун нерӯи пешбар дар ташаккул ва татбиқи арзишҳои фарҳанги сиёсӣ дар Тоҷикистон нақши барҷаста дорад.

     Мавсуф фаъолияти ташкилоти ибтидоиро ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои барномавӣ ва оинномавии ҳизб дар давраи ҳисоботӣ мусбат арзёбӣ намуд.

     Вобаста ба масъалаи якуми рӯзнома қарори дахлдор қабул гардид.

    Масъалаи дуюми рӯзнома – интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдулло Қурбонзода ба баррасӣ гузошта шуд. Маъруфӣ Р.Н., узви ҳизб, саркотиби илмии Комиссия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносб пешниҳод намуд, ки бо назардошти фаъолияти пурмаҳсул раиси муассиса Давлатзода Сайфиддин Хайриддин дубора раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб карда шавад. Номзадии мавсуф барои интихоб шуданаш ба вазифаи раиси ташкилоти ибтидоӣ ба овоз монда шуда, якдилона ҷонибдорӣ ёфт.

     Ҳамин тариқ, тибқи рӯзномаи ҷаласа, муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ низ интихоб шуда, қарори дахлдор қабул гардид.

     Аъзои ҳизб раиси ташкилоти ибтидоӣ, раиси муассиса Давлатзода С.Х.-ро ҳамчун вакил барои иштирок дар конфронси 33-юми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ интихоб ва пешбарӣ намуданд.

     Зимни баррасии масъалаҳои ташкилӣ таъкид гардид, ки бо мақсади иҷрои талаботи банди 2.2. ва 3.5 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, «Низомнома оид ба тартиби бақайдгирии узви Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон», банди 3 Нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои соли 2024 ва дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ 1 (як) нафар корманди ҷавони Комиссия – Азизов Файзалӣ Гурезович (мутахассиси шуъбаи ташкилӣ, молиявӣ ва ҳуқуқ) иродаи сиёсии худро мушаххас намуда, барои қабул шуданаш ба сафи ҳизби пешоҳанги ҷомеа – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ариза ва дигар ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намуд. Баъд аз омӯзиши ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва дақиқ намудани мавқеи ӯ, омодагӣ дар татбиқ ва риояи Оинномаи ҳизб, Барномаҳои ҳизбӣ, Одобномаи корманди ҲХДТ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа ҷиҳати қабул шуданаш ба сафи ҳизб монеа дида намешавад. Ҳамин тариқ, номбурда ба узвияти ҳизб пазируфта шуда, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатнома супорида шуд.

     Як қатор аъзои фаъоли ҳизб ҷиҳати риояи Оинномаи ҳизб, Барномаҳои ҳизбӣ, Одобномаи корманди ҲХДТ, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа ва хизмати шоиста дар самти аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ бо Ифтихорнома ва Сипосномаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.

     Бо ҳамин, маҷлиси ташкилоти ибтидои ҳизбӣ пӯшида эълон шуд.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

ПОЙГОҲИ ДОДАҲОИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2024.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org