Дар идомаи баргузории ҷаласаҳои кории Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе, ҷаласаи навбатӣ 24 июни соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо иштироки аҳли илми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир гардид.
Ректори донишгоҳ Комилбек Амид Ёрбек чорабиниро ифтитоҳ намуда, доир гардидани ҷаласаи кории Комиссияро идомаи мантиқии татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва маориф донист.
Муовини раиси Комиссия, профессор Шарифзода Мумин Машокир сараввал ҳозиринро аз номи раиси Комиссия Давлатзода Сайфиддин Хайриддин ҷашни Ваҳдати миллӣ табрик намуда, мақсади доир гардидани ҷаласаро иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар баён намуданд, маънидод кард.
Дар ҷаласаи корӣ роҳбарони муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии мамлакат дар ВМКБ, муовинони ректор оид ба илм ва инноватсия, котибони шурои олимон, мудирони шуъбаҳои омодакунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ, мудирони кафедраҳои тахассусии марбут ба ихтисосҳои шурои диссертатсионӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Зимни баромади худ Шарифзода М.М. аз таваҷҷуҳи рузафзуни Ҳукумати мамлакат ба соҳаи илму маориф ва тадбирҳои Комиссия дар ин самт муфассал иттилоъ дода, ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат таъкид намуд.
Гуфта шуд, ки имрӯз дар кишвар барои анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст, аз ҷумла таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон медиҳад, ки унвонҷӯёну аспирантон ва докторантон рисолаҳои илмии худро дар кишвар ҳимоя намоянд.
- Мулоқоти Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маориф ва илми кишвар барои беҳтар намудани самти аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ заминаи мусоид фароҳам овард, - иброз намуд Шарифзода М.М. Ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ ҷалб гардидани ҷавонони лаёқатманду забондони ВМКБ, бештар рушд кардани мактаби илмии олимони собиқадор, ба илмҳои бунёдӣ рӯ овардани муҳаққиқон, мустаҳкам кардани заминаҳои моддию техникии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ва таъсиси шуроҳои миллии диссертатсионӣ аз ҷумлаи афзалиятҳои фаъолият маънидод гардид.
Дар маҷлис гуфта шуд, ки аз соли 2017 инҷониб дар шуроҳои миллии диссертатсионӣ аз муассиса ҳамагӣ 7 диссертатсия ҳимоя гардида, 9 дархост барои додани унвони илмӣ ба Комиссия ворид шудааст. Дар ин самт мебояд корбарии бештар намуд. Аз ҷониби роҳбарияти Комиссия тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, дар доираи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ иқдомҳои Донишгоҳ дастгирӣ карда мешаванд.
Хотиррасон менамоем, ки аз соли 1999 дар назди донишгоҳ “Паёми Донишгоҳи Хоруғ” (ISSN 2664-5696) чоп шуда, мақоми маҷаллаи тақризшавандаро дорад. Роҷеъ ба ислоҳи баъзе камбудиҳои маҷалла ва ҷудо кардани бахши илмҳои табиӣ аз илмҳои ҷамъиятӣ, педагогӣ ва иқтисодӣ аз ҷониби масъулини Комиссия тавсияҳои мушаххас дода шуд.
Дар идомаи ҷаласа сармутахассиси Комиссия Ҳамидиён Илҳомҷон Иномзода оид ба дигар масъалаҳои муҳимми низоми аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ, тартиби барасмиятдарории диссертатсия, автореферати диссертатсия ва парвандаҳои аттестатсионӣ баромад намуд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ аз номи раиси Комиссия Давлатзода Сайфиддин Хайриддин ба роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев 140 адад китобҳои дарсӣ, илмӣ ва таълимию методии олимони ватанӣ, ки барои таҳқиқоти илмӣ метавонанд истифода гарданд, дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд. Инчунин, ду қисми китоби тозанашри дарсии Давлатзода С.Х. ва Ибрагимов А.Х. бо номи “Китоби дарсӣ барои машғулиятҳои амалӣ аз систематикаи растаниҳои дараҷаи олӣ” бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба садорати факултаҳои химия ва биология туҳфа гардид.
Иштирокчиёни ҷаласа ҳузури намояндагони Комиссияро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон истиқбол гирифта, омодагии хешро ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, татбиқи натиҷаҳои таҳқиқ ва рушди устувори ҷомеа иброз доштанд.