Ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид.
Раиси Комиссия Давлатзода Сайфиддин Хайриддин чорабиниро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки сулҳи тоҷикон таҷассуми олии иродаи мардуми сулҳпарвари мо ва хизмати таърихии халқи қаҳрамони тоҷик мебошад. Бешубҳа, барқарор гардидани сулҳу субот дар мамлакат ва пойдор нигоҳдории он ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи бевосита дорад.
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва таъмин намудани ваҳдати миллӣ на танҳо омили наҷоти миллати тоҷик гардид, балки ҳамчун сабақи омӯзандаи таърихӣ ва таҷрибаи нодири ҳалли мухолифату низоъҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ эътироф гардидааст.
Маҳз самараи ваҳдати миллӣ ва тарғиби пайвастаи ғояҳои он буд, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба марҳалаи рушди устувор ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид.
Тавре Роҳбари давлат мегӯянд, дар таърихномаи ҳар миллат саҳифаҳои сабақомӯз ва пурарзише ҳастанд, ки аз икдоми нек ва хирадмандона ба нафъи халқу Ватан башорат медиҳанд ва барои наслҳои минбаъда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд. Чунин саҳифаи заррин барои миллати тоҷик рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумӣ дар бораи барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон низ мебошад. Ин Созишнома ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои оғози рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаёти орому осудаи мардуми он шароити мусоид фароҳам овард.
Ваҳдату ягонагӣ ва пойдории сулҳу созиш эътимодноктарин роҳи наҷот аст. Ин маънои онро дорад, ки мо бояд аз ҳама гуна майлу хоҳишҳои хидмат кардан ба ҳадафҳои ғаразноку тафриқаангези миллӣ, ҳизбӣ, гурӯҳӣ ва шахсӣ даст кашида, манфиатҳои умумимиллии худро бо манфиатҳои умумибашарӣ мутобиқ созем.
Иброз гардид, ки ҳаводиси фоҷиабору харобиовари охири асри гузашта барои эмин нигоҳ доштани сулҳу субот дар ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи халқамон ҳамеша моро ҳушдор медиҳанд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди омӯзишу дастгирӣ қарор гирифта, чун падидаи нодири фарҳанги сулҳофарӣ пазируфта шудааст.
Дар идомаи чорабинӣ сармутахассиси Комиссия, номзади илмҳои таърих Муродзода Аҳмадхон Амрохон дар мавзуи “Ваҳдат – наҷоти миллат” баромад намуда, марҳилаҳои таърихии ба даст омадани ин рӯйдоди муҳимро маънидод кард. Номбурда ба саволҳои иштирокчиён посух гуфта, иброз намуд, ки мо бояд Истиқлол, сулҳ ва ваҳдати миллиро баробар қадр намуда, онҳоро чун муқаддасоти олӣ ҳифз намоем.
Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз суботу оромии дар Ватанамон ҳукмфармо тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ самимона табрик менамояд.
Тоҷикистон сарзамини дилрабои ваҳдат аст,
Осмонаш файзафшон аз сафои ваҳдат аст.
Ҳар гулу ҳар сабзаву ҳар ҷӯяки оби равон
Раҳкушову раҳсипору раҳнамои ваҳдат аст.