5-уми августи соли 2024, соати 14:00 дар маҷлисгоҳи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо иштироки васеи хабарнигорони васоити ахбори оммаи кишвар баргузор гардид. Дар нишаст раиси Комиссия Давлатзода Сайфиддин Хайриддин бо гузориши мухтасар ва пурмуҳтаво дар назди ҳозирин дар бораи фаъолияти муассиса гузориш ва ба саволҳои хабарнигорон посухҳои дақиқу мушаххас дод. Раиси Комиссия зимни баромад қайд доштанд, ки тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат зимни баромад дар вохӯрӣ бо аҳли илм ва маорифи кишвар қайд доштанд: “Дар даврони муосир фақат давлатҳое имкон доранд ҳастии худро идома диҳанд, ки шаҳрвандонашон дорои ҷаҳонбинии дунявӣ мебошанд. Гузашта аз ин, агар илм бо истеҳсолот тавъам набошад, натиҷаҳои илмӣ барои дилхоҳ мамлакат муфид нест. Бинобар ин, илми муосир бояд бо навигариҳои инноватсионӣ ва технологӣ муаррифӣ шуда, дар тақвият пазируфтани сатҳи ҷаҳонбинии дунявӣ нақши муассире бигзорад, вагарна бо шароит фароҳамоварии таҳқиқи илмӣ ҳеҷ кадом ниҳоди илмӣ наметавонад дар таъмини рушди кишвар нақши мусбатро бозӣ кунад”, бояд ҳар як намояндаи мактабии илмии кишвар ин андешаҳоро сармашқи кори худ қарор дода, дар мусаллаҳсозии донишу ҷаҳонбинии илмии насли имрӯзи кишвар саҳмгузор бошад. Сипас, аз ҷониби хабарнигорони васоити ахбори омма Далер Абдулло, Акрам Сангзода, Муҳаммад Маъруфзод, Умаров Зуҳриддин, Исматова Дилбар ва дигарон саволҳои мубрам пешниҳод карда шуд. Ҳамчунин, аз ҷониби радиои Тоҷикистон дар саҳифаи расмии Фейсбукӣ ҷараёни баргузории нишасти матбуотӣ ба тариқи зинда пахш карда шуд, ки довталабон бевосита тариқи маҷозӣ саволҳои марбутро пешниҳод намуданд.