Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи дониш бо як шукуҳи шаҳомати хоса баргузор мегардад. Ин ғамхориву дастгириҳои Пешвои миллат ба соҳаи илму маориф ба ҳамаи қишри ҷомеа як болидарӯҳӣ ва дар рушди соҳаи илму маориф дар ҷумҳурии азизамон як такконӣ ҷиддӣ мебахшад. Иқдоми навбатӣ оид ба эълон намудани озмуни «Шоҳномахонӣ» давоми иқдомҳои неку беназири Пешвои миллат барои мардуми Тоҷикистон аст. Чуноне Пешвои миллат қайд намуданд: «...Пешниҳод менамоям, ки дар кишвар барои гурӯҳҳои алоҳидаи синнусолӣ, яъне хонандагон, донишҷӯён ва калонсолон озмуни «Шоҳномахонӣ» роҳандозӣ гардида, дар арафаи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ ҷамъбаст карда шавад ва ғолибон бо ҷоизаву мукофотпулиҳои арзишманд қадрдонӣ карда шаванд.»
Кормандони Комиссия дар ҷавоб ба ин дастгириву ғамхориҳо тамоми таъкиду супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ карда, барои боз ҳам баланд бардоштан ва дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намудани илми тоҷик, тамоми қувваю нерӯи худро сафарбар менамоянд.
Боиси зикр аст, ки кормандони Комиссия бо як ҳисси баланду эҳтироми хоса мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо кормандони соҳаи маориф бахшида ба Рӯзи дониш сарҷамъона тамошо намуда, аз он як дунё ғизои маънавӣ гирифтанд.