Санаи 6 сентябри соли ҷорӣ дар толори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар оғоз раиси Комиссия Давлатзода С.Х. ҳозиринро ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, қайд карданд, ки ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ кори басо мушкил ва ҳассос буд, аммо бо заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мо тавонистем, ки дар як муддати хеле кутоҳи таърихӣ соҳиби ин дастоварди бузурги давлатдорӣ гардем. Ҳифз ва нигоҳ доштани Истиқлолият вазифаи ҳар як шахси ватандӯсту ватандор буда, барои расидан ба ин мақсад ҳазорон нафар ҷонфидоӣ намуданд.
Сипас, Хидирзода Махфират Умар-узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳифз ва нигоҳдории Истиқлолияти давлатӣ андешаронӣ намуда, зикр доштанд, ки мактаби давлатдории Пешвои миллат сабақдиҳанда аст. Зери ин вожаҳо ҷаҳон-ҷаҳон маънӣ нуҳуфтааст ва ин мактаб ҳамчун таҷрибаи давлатдории намунавӣ дар арсаи ҷаҳон шинохта шудааст. Вақте ки сухан дар хусуси вожаи истиқлолият меравад, баҳамомаданҳо, азхудгузаштанҳо, ҳифзи дастоварди давлатӣ, нигоҳ доштани амният ва суботи сиёсӣ пеши назар меояд. Ҳеҷ давлате бидуни доштани истиқлолу озодӣ пойдор нест, ҳамин аст, ки истиқлолият як рукни миллии давлатдорӣ ба шумор меравад. Мавсуф дар охир тамоми иштирокдоронро ба таҷлили санаи муқаддаси таърихӣ табрик гуфта, изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Дар фароварди чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти Комиссия ба як гурӯҳ довталабон, ки бо қарори Раёсати Комиссия сазовори дараҷа ва унвонҳои илмӣ гардида буданд, ҳуҷҷати намунаи давлатӣ тақдим гардид.