Санаи 13 сентябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Мукаммалгардонии раванди аттестатсия ва ҳимояи диссертатсия” бо иштироки намояндагони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинон ва котибони илмии шуроҳои диссертатсионӣ баргузор гардид.
Дар мизи мудаввари мазкур муовини раис Шарифзода Мумин Машокир ва мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарии Комиссия Вализода Ҳокимхон Сафол маърӯза намуда, оид ба тартиби барасмиятдарории парвандаҳои аттестатсионӣ, бартарафсозии мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои бартарафсозии онҳо ибрози андеша намуданд.
Инчунин, дар муколамаи мизи мудаввар ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, профессор Давлатзода Қудрат Қамбар, мудири кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, профессор Усмонова Туҳфа Ҷумаевна, раиси шурои диссертатсионии 6D.КОА-014 назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович ва раиси шурои диссертатсионии 6D.KOA-016 назди Донишгохи аграрии Тодикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, профессор Шарифов Зариф Рахмонович иштирок намуданд.
Дар фарҷоми чорбанӣ ба як қатор омӯзгорон,шаҳодатномаҳои унвони илмӣ супорида шуд.