Previous Next

Мизи мудаввар дар мавзуи «Раванди тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмию техникӣ»

Санаи 20 сентябри соли ҷорӣ дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи «Раванди тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмию техникӣ» баргузор гардид.

Дар кори он намояндагони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ-молиявӣ ва ҳуқуқ Ёров М.Р. ва мутахассиси пешбари шуъбаи аттестатсионии илмҳои табиӣ-математикӣ ва техникӣ Ҳайдаров Ш.М. иштирок ва маърӯза намуданд.

Ҳамчунин, дар мизи мудаввар намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон Тоҷикистон иштирок ва маърӯза намуданд.

Дар фарҷоми мизи мудаввар муколамаи озод байни мутахассисон ва коршиносони соҳа баргузор гардид.

 

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

ПОЙГОҲИ ДОДАҲОИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2024.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org