Санаи 26 сентябри соли равон мутобиқи Нақшаи кории Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шуро, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шудааст, дар шаҳри Панҷакент ҷаласаи сайёр дар мавзуи «Шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун таҳдиди воқеӣ ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода дар мавзуи «Таъмини амнияти иттилоотӣ дар пешгирӣ ва муқовимат ба киберҷиноятҳо» маърӯзаи таҳлилӣ намуда, оид ба роҳҳои таъмини амнияти иттилоотӣ ва пешгирӣ аз он пешниҳодҳои мушаххас ироа намуданд.
Ҳамзамон, доир ба паҳлӯҳои гуногуни ин масъала мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, корманди Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Давлатзода, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Сафарзода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода, муовини раиси шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода ва дигарон ибрози назар намуданд.