Previous Next

Истиқбол аз баргузории Рӯзи омӯзгор

Санаи 04-уми октябри соли равон бахшида ба “Рӯзи омӯзгор”   мизи мудаввар дар Муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” зери унвони “Рӯзи омӯзгор” баргузор гардид.

Сухани ифтитоҳиро раиси Комиссия Давлатзода Сайфиддин Хайриддин вобаста ба фаъолияти омӯзгор дар таълиму тарбияи насли наврас ва омода намудани кадрҳои баландихтисос оғоз намуда, иброз доштанд, ки санаи 1-уми сентябри соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди эҳтироми устод чунин суханони ҳакимона гуфтанд: “Ҷомеа бояд хуб дарк намояд, ки эҳтиром ба омӯзгор – эҳтиром ба ояндаи миллат аст”.

Ҳамзамон, мавсуф зикр намуданд, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат баланд бардоштани мақоми омӯзгор  дар ҷомеа хело зарурӣ ва саривақтӣ мебошад. Аз ин хотир ҷомеае, ки эҳтиром ба омӯзгор дорад, ин шаҳодат аз эҳтиром ба Ватану миллат ва пешрафту тараққиёти давлат аст. Натиҷаҳои таҳлилу омӯзишҳо нишон доданд, ки дар он сурат кишваре рӯ ба тараққӣ ва пешрафт мениҳад, ки агар манзалати омӯзгор дар мадди аввал бошад. Хушбахтона Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи пешрафтатарин кишварҳо ҷиҳати баландбардорандаи нуфузи омӯзгор ҳисобида мешавад, зеро имсол бо дастгирӣ ва ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат музди маоши моҳонаи  омӯзгорон  то 40% зиёд карда шуд. Пешвои миллат дар ин маврид низ қайд намуданд: “Эҳтироми омӯзгор – эҳтироми миллат” аст. Дар ҳақиқат омӯзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад.

Ҳамзамон  доктори илмҳои педагогӣ, профессор Юнусова Нафисахон Муродовна оид ба таҳким бахшидани фаъолияти омӯзгорӣ ва роҳу усулҳои омӯзиши раванди педагогӣ ба аҳли нишаст маърӯза пешниҳод намуданд, қайд гардид, ки  омӯзгор калиди асосии пешрафти ҷамъият ба шумор меравад ва  бояд аз ҷиҳати илмиву назариявӣ ва руҳиву равонӣ  мусаллаҳ бошад, зеро тавонад, ки баҳри пойдории давлату миллат ва пешрафти илму маориф саҳми беандозаи худро гузорад.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

ПОЙГОҲИ ДОДАҲОИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2024.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org