Previous Next

СЕМИНАР ОИД БА “ТАРТИБИ САНҶИШИ АСОЛАТИ МАТНИ ДИССЕРТАТСИЯ ВА АВТОРЕФЕРАТИ ДИССЕРТАТСИЯ”

02 октябри соли равон бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Тартиби санҷиши асолати матни диссертатсия, автореферати диссертатсия ва мақолаҳои тақризшаванда дар барномаи компютерии Антиплагиат” дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 30 майи соли 2024 дар вохурияшон бо аҳли илму маориф дастур дода буданд, баргузор гардид.

Дар кори он намояндагони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ-молиявӣ ва ҳуқуқ Ёров М.Р. ва мутахассиси пешбари шуъбаи аттестатсионии илмҳои табиӣ-математикӣ ва техникӣ Ҳайдаров Ш.М. иштирок ва баромад намуданд.

Ҳамчунин, дар семинари мазкур масъули шуроҳои диссертатсионии ниҳодҳои дар тобеи академия қарор дошта, иштирок намуданд.

Дар қисми хотимавии семинар аз ҷониби масъулини шуроҳо саволҳо дода шуд ва аз ҷониби намояндагони КОА ба саволҳо ҷавобҳои қонеъкунанда дода шуд.

 

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

ПОЙГОҲИ ДОДАҲОИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2024.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org