Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи роҳбарони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таҳсилоти олии касбӣ, умуман, олимону донишмандон ва ҳаводорони илми ватанӣ барои ирсоли меҳрнома ва табрикот вобаста ба 10 - умин солгарди таъсисёбии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маҳз бо ташаббуи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳалли мушкилоти ҳимояи корҳои илмӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва фароҳам овардани имконият ба муҳаққиќони ҷавон бо мақсади ҳимояи диссертатсияҳои хеш дар кишварамон таъсис дода шудааст, арзи сипос ва изҳори миннатдорӣ баён менамояд.
Ҳамзамон, ба ҳамаи Шумо барои боз ҳам тавсеа бахшидани ҳамкориҳои мутақобила дар ҷодаи тадбиқи иқдому ташаббусҳои нави созанда баҳри иҷрои рисолати илму маорифи миллӣ барору комёбиҳои беназирро орзу менамоем.