Санаи 4-уми ноябри соли равон дар маҷлисгоҳи Комиссия бо иштироки ходими давлатии тоҷик, номзади илмҳои техникӣ Мусоева Рафиқа Ғаниевна, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Зоир Ҷурахон Маҷидзода, чанде аз довталабони дарёфти дараҷа ва унвонҳои илмӣ, кормандони Комиссия мизи мудаввар бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ ва 10-солагии таъсисёбии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳайати иштирокчиён вобаста ба таърихи қабул, мазмун ва моҳияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, ин қонуни асосиро ҳамчун бахтномаи миллат эътироф намуданд. Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор довталабони дарёфти дараҷа ва унвонҳои илмӣ диплом ва шаҳодатномаҳо тақдим карда шуд.
Аз хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ва гурӯҳи муҳаққиқон, ки дар таълифи аввалин Конститутсия саҳми бориз гузоштаанд, ёдовар гардиданд.