Previous Next

Таҷлил аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Комиссияи олии аттестатсионни назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 15.11.2024 дар толори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш бахшида ба «Рӯзи Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки кормандони Муассиса баргузор гардид.
Дар оғози ҷаласа доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Маъруфӣ Р.Н. қайд намуданд, ки ҳамасола дар ҷумҳурии азизамон ҳамоишҳову ҷашнвораҳо дар робита ба эҳёи бузургони гузаштаи халқамон ва пос доштани арзишҳои миллиамон таҷлил карда мешаванд, ки ин нишонаи олии арҷгузорӣ ба гузашта, имрӯза ва ояндаи фарзонафарзандони миллати шарафманди тоҷик дар тули асрҳо мебошад. Агарчанде ки ҳамаи ин чорабиниҳо барои шинохт ва асолати миллат ҷойгоҳи махсуси худро доранд, “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ин миён ба худ мақоми махсусро касб кардааст. Муайян гардидани рӯзи 16 ноябр ҳамчун “Рӯзи Президент” асосҳои ба худ хосро доро мебошад, зеро аз ибтидои ҳамин рӯзи тақдирсоз ва муайянкунанда ояндаи рушди Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатдорӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шуруъ намуданд. Бо дарназардошти эҳтиром ва эътирофи хиради азалӣ, фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, ба даст овардан ва таъмин намудани сулҳу ваҳдати сартосарӣ ва болоравии обрӯву эътибори мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи ҷаҳонӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмуъ ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон Рӯзи 16 ноябр ҳамчун “Рӯзи Президент” таҷассум ёфтааст.
Дар навбати худ, мудири шуъбаи аттестатсионӣ илмҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, биологӣ ва байторӣ номазади илмҳои таърих Муродзода А.А. қайд намуданд, ки дар таърихи 16 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд кард. 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити барои миллати тоҷик ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида, дар он Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, яке аз корҳои аввалине, ки баҳри таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлол анҷом додани он зарур шуморида шуд, ворид намудани тағйиру илова ба Конститутсияи кишвар буд, ки дар ҷараёни он иҷлосия қабул карда шуд. Соли 1994 бо қабули аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, тариқи раъйдиҳии умумихалқӣ ва муқаррар гардидани шакли Президентии идораи давлат, Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд. Аз таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дида мешавад, ки абармардон ва шахсиятҳои таърихие буданд, ки онҳо дар марҳилаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳассос ба сари ҳокимият омада, зимоми давлатдориро бар дӯши худ гирифта, барои баланд бардоштани обрӯву нуфузи давлати худ нақши абадӣ гузоштаанд. Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон хуб эҳсос мекунанд, ки Пешвои миллат, сарфи назар аз ҳамаи мушкилоту монеаҳои мавҷуда, тамоми захираву имкониятҳоро барои беҳбуд бахшидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ сафарбар менамоянд. Маҳз, шахсияти Пешвои миллат буд, ки халқи тоҷик аз парокандагӣ наҷот ёфт ва то охирин гурезаи тоҷик ба ватан баргашт. Аз ин ҷост, ки хизматҳои бузурги ӯро миллат ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард. Бинобар ин, моро зарур аст, ки дар партави сиёсати ин абармарди таърих кору фаъолияти пурсамар намоем ва барои расидан ба ҳадафҳои судманди миллӣ аз тамоми имконот истифода намоем.
Мудири шуъбаи аттестатсионӣ илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ номзади илмҳои филологӣ Вализода Ҳ.С. дар баромади худ қайд намуд, ки муайян гардидани рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” асосҳои ба худ хосро доро мебошад, зеро аз ибтидои ҳамин рӯзи тақдирсоз марҳилаи нави давлатдории тоҷикон оғоз ёфта, Президенти ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шуруъ намуданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқилу фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро дар атрофаш муттаҳид ва ба қалби мардумаш шуълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд.
Дар охир миёни иштироккунандагон муколамаи афкор суръат гирифта, андешаҳо вобаста ба хизматҳои бемисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат баён гардиданд.

 

 

 

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

ПОЙГОҲИ ДОДАҲОИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2024.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org