Previous Next

Чорабинии илмӣ-маърифатӣ бахшида ба Рӯзи Парчам

Боиси зикр аст, ки ҳамасола 24-уми ноябр дар кишвари азизамон Рӯзи Парчами давлатӣ бо хушнудӣ таҷлил карда мешавад. Санаи 21-уми ноябр дар маҷлисгоҳи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандон ва меҳмонон чорабинии илмӣ-маърифатӣ бахшида ба Рӯзи Парчам баргузор гардид. Дар оғоз доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Маъруфӣ Р.Н. вобаста ба таърихи давлатдорӣ суханронӣ намуда, зикр дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш бахшида ба 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки «қабули Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлати мустақили Тоҷикистон, нишони соҳибихтиёрӣ, ягонагӣ ва ифтихори мардуми ҷумҳурӣ аз дигар иқдоми муҳими иҷлосияи таърихӣ буд. Зеро давлати соҳибистиқлоли тоҷикон беш аз як сол рамзҳои инъикоскунандаи соҳибихтиёрии худро надошт. Бинобар ин, рӯзи қабули Парчами давлатӣ, яъне 24 ноябрро мо ҷашни умумимиллӣ эълон кардем, ки ҳар сол аз ҷониби мардуми Тоҷикистон бо ифтихори бузург таҷлил мегардад”.
Сипас, омӯзгори Донишгоҳ давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Давлатшоҳ Маҳмудов аз таърихи парчамдории миллати тоҷик изҳори андеша намуда, қайд дошт, ки Парчами давлатӣ аз таърихи дур ва замонҳои гузаштаи давлатдории миллати тоҷик нишон аст. Тоҷикон аз замонҳои қадим давлатдор ва бофарҳангу соҳибтамаддун буданд, ки ин андеша дар тамоми маъхазҳои таърихӣ вуҷуд дорад. Фарҳангсолорӣ ва муаллими башар ҳисобидани миллати тоҷик дар сарчашмаҳои таърихӣ далели миллати куҳанбунёд ва соҳибмақом будани гузаштагони мост. Парчамро нахуст гузаштагонамон ҳамчун нишони иттиҳоду ваҳдат ва рамзи мустақилияти хеш истифода менамуданд, ки ин гувоҳ аз доштани маданияти баланд ва хотираи таърихии бой мебошад.
Ровиёни таърих ва муҳаққиқон парчами давлатдории тоҷиконро бо номи «Дирафши Ковиёнӣ» ё «Ахтари Ковиёнӣ» низ ёд намудаанд.
Дар охир миёни иштирокчиён муколаи афкор суръат гирифта, мудири шуъбаи тиббӣ, фарматсевтӣ, биологӣ ва бойторӣ Муродзода А. зимни муҳокима зикр намуд, ки насли ҷавон бояд бидонад, ки таърихи давлатдории тоҷикон тӯлонӣ буда, миллати тоҷик аз зумраи ҳамон империядорони қадим мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки дар тӯли солҳои гузашта тоҷикон аз шикасту парешонӣ ва таҳоҷум дур набуданд ва борҳо ҷабри таърихро чашидаанд. Фақат пас аз дубора ба даст овардани мустақилият соли 1991 миллати тоҷик тавонист, ки соҳиби давлати миллии хеш гардад ва мустақилона ҳамон оромони деринаашро амалӣ созад. Давлати миллии тоҷикон зери роҳбарии Сарвари хирадманду оқил, фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ташаккул ёфт ва пояҳояш устувор гардид, ки инро таваллуди дубора ё эҳёи давлати навини тоҷикон меноманд.
Имрӯз бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон майдони Парчами давлатӣ ва дигар рамзҳои давлатӣ бунёд гашта истодааст.

 

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

ПОЙГОҲИ ДОДАҲОИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2024.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org