Previous Next

Ҳисоботи солонаи Шурои диссертатсионии 6D.КОА-044 дар соли 2024

26 ноябри соли 2024 тибқи барқияи фаврии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷадвали баргузории рӯзҳои ҳисоботдиҳии шуроҳои диссертатсионӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D.КОА-044 оид ба ҳисоботи солонаи шуро дар соли 2024 бо иштироки намояндагони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои шурои диссертатсионӣ ва омӯзгорону унвонҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии Академия баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини раиси шуро, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Иброҳимов Солиҷон Иброҳимович оғоз намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуданд. Котиби илмии шуро, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Рустамзода Ҷумабек Юнус дар баромади хеш иброз намуданд, ки   дар соли 2024 дар шуро 9 ҷаласаҳои корӣ доир гардида, 9 мактуб ворид ва 11 мактуб содир карда шудааст. Ҳамзамон, дар ин давра, ду диссертатсия бомуваффақият дифоъ гардида, як диссертатсияи барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 12.00.14 – Ҳуқуқи маъмурӣ; ҳуқуқи мурофиаи маъмурӣ (илмҳои ҳуқуқшиносӣ) ҷиҳати таъсиси шурои якдафаъина дар баррасии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Бо қарорҳои Раёсати  Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлатзода Фаридҷон Мирзоалӣ ва Раҷабзода Мутеъулло Сафаралӣ дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дода шудааст.

Дар идомаи ҷаласа оид ба ҳисоботи солонаи шуро Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, Раупова Манзура Турсуновна, Раззоқов Баҳодур Ҳаётович, Муртазозода Ҷамшед Саидалӣ, Лагутин Игор Борисович, Трофимов Егор Викторович ва Абдулхонов Файзалӣ Маҳмудович суханронӣ намуда, дар маҷмуъ, фаъолияти шурои диссертатсиониро қаноатбахш ва мусбат арзёбӣ намуданд.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

ПОЙГОҲИ ДОДАҲОИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2024.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org