Previous Next

Боздид аз “Ганҷинаи нақди Соҳиб Табаров” ва иштирок дар ҳамоиши илмӣ

Имсол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, 100-солагии адабиётшиноси маъруфи тоҷик, мунаққид, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Соҳиб Табаров  30-юми ноябри соли 2024 дар “Ганҷинаи нақди Соҳиб Табаров”,  воқеъ дар  ноҳияи Муъминобод мебошад, ҳамоиши илмӣ ва бардоштани парда аз нимпайкараи устод ҷашн гирифта шуд.

 Дар ин ҳамоиши бузурги илмӣ муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, раиси ноҳияи Муъминобод Амирзода Сайвалӣ, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода, бархе аз ректорони МТОК-и ҷумҳурӣ ва доираи бузурги неруи  илмии кишвар (К.Олимов, А.Кӯчарзода, А.Маҳмадаминов, Ш.Кабиров, М.Абдураҳмон, Салими Хатлонӣ, Ҳафиз Раҳмон, Озар Салим, Зоир Ҷурахон, Файзализода Ҷ. ва дигарон) иштирок намуданд. Дар оғози чорабинӣ меҳмонон вобаста  ба осор ва фаъолияти сермаҳсули мунаққид, Соҳиб Табаров андешаронӣ намуданд.

Раиси ноҳияи Муъминобод Амирзода Сайвалӣ зимни суханронии худ қайд намуд, ки ҷиҳати ҳавасмандгардонии хонандагон 3 сол мешавад, ки идрорпулӣ ба номи Соҳиб Табаров дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод таъсис дода шуда, барои хонандагони болаёқат таъсис дода шудааст.

Ҳамчунин, раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода С.Х. дар баромади хеш вобаста ба нақди муосири насри мавсуф иброз доштанд, ки Соҳиб Табаровро њамчун, мунаққиди соҳибфикр, муњаќќиќи њаќиќатнигор тамоми љомеаи фарњангї ва адабии кишвар мешиносанд.

Номаҳои саркушодаи Соҳиб Табаров ва мақолаҳои интиқодии ӯ дар матбуот далолат ба он мекунанд, ки мунаққид дар фикрронӣ бе парда суханварӣ намудааст.

Услуби нигориш ва сабки таҳқиқии Соҳиб Табаров дар пояи дақиқкорӣ ва таваҷҷуҳ бар далеҳои ҳуҷҷатӣ муаррифӣ шудааст. Маҳз, чунин эътибороти ҷиддӣ имкон фароҳам оварданд, ки Соҳиб Табаров мактаби нави нақди насрро ба вуҷуд оварад. Лозим ба ёдоварист, ки мунаққид чун намояндаи мактаби илмӣ ба умқи масоили матраҳшаванда ворид гардида, дилхоҳ носирро бо дилхоҳ насри муосир аз камбудиҳои бадеӣ эмин намебинад. Гузашта аз ин, ҷиҳати такмил додани образҳо ба носир тавсияҳои муфид дода, ояндаи насрро ҳудуди 10-20 соли минбаъда мавриди таҳқиқ қарор дода, воқеанигориро асоси насри муосир ҳисобидааст.

Устод чун асосгузори илми танқиди адабии тоҷик тавонистаанд, мактаби адабии хоси худро ба вуҷуд оварда, бо иншои мақолаю тақриз, эссе, хулоса, муколама, мунозираву мубоҳиса ва асарҳои баландғояи хеш доир ба паҳлу ва ҷанбаҳои мухталиф ва осори адибон ва умуман адабиёти ин давраи тоҷик ганҷинаи нақди адабии тоҷикро ғанӣ гардонад.

Дар вилояти Хатлон бо мақсади ҳавасмандсозии адибон ва муҳаққиқон ҷоизаи вилоятии ба номи Соҳиб Табаров бо қарори раиси вилояти Хатлон аз 26 феврали соли 2021, №50 таъсис дода шудааст, ки ба офарандагони таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ ҳар сол дар Рӯзи матбуоти тоҷик тақдим карда мешавад.

 Аз ҷониби раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба “Ганҷинаи нақди Соҳиб Табаров”  10 ҷилди нашршудаи Энсиклопедияи миллии тоҷик, расми хотиравӣ бо нигоришҳо аз сангҳои ватанӣ ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ ҳамчун рамзи хотира тақдим карда шуд. 

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

ПОЙГОҲИ ДОДАҲОИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2024.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org